Қаҳрамони олимпии тоҷик Дилшод Назаров 44-сола шуд (видео)

Имрӯз гурзпартои маъруфи тоҷик Дилшод Назаров зодрӯз дорад. Ӯ  6-уми майи соли 1982 ба дунё омадааст.

Дилшод Назаров аз маъруфтарин варзишгарони тоҷик маҳсуб мешавад, ки дар риштаи варзиши сабук дар навъи гурзпартоӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Дилшод Назаров иштирокчии чандин Бозиҳои олимпӣ мебошад. Ӯ соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро бо ҳаво додани гурз ба масофаи 78,68 метр сазовори медали тилло гардид ва номи Тоҷикистонро дар харитаи варзиши ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт кард.

Инчунин, Дилшод Назаров ноибқаҳрамони ҷаҳони соли 2015 дар Пекин, қаҳрамони 3 каратаи Бозиҳои Осиёӣ дар солҳои 2006, 2010, 2014 ва қаҳрамони 5 каратаи Осиё дар солҳои 2009, 2013, 2015, 2017, 2019 мебошад.

Пас аз анҷоми фаъолияти варзишии худ, Назаров ба корҳои маъмурӣ дар соҳаи варзиш гузашт ва барои рушди варзиш дар Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *