50 ҳазор сомонӣ ба ҳар собиқадори ҶБВ дар Тоҷикистон

Имсол Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон, ки ҳоло 8 нафар боқӣ мондаанд, 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин маблағ то 9-уми май ба ҳамаи собиқадорон супорида мешавад. Соли гузашта низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ, ки он замон 17 нафар буданд, ҳамин миқдор маблағ ҷудо гардида буд.

Ҳамасола ба муносибати Иди Ғалаба ҳукуматҳои маҳаллӣ низ ба собиқадорон кумак мерасонанд. Аз ҷумла, имсол ҳукумати вилояти Суғд ба ҳар як собиқадори ҶБВ, ки ҳоло дар минтақа 2 нафар боқӣ мондаанд, 25 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Инчунин, ба 39 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ 10 ҳазор сомонӣ дода шуда, дар маҷмӯъ 390 ҳазор сомонӣ пардохт мегардад.

Тибқи маълумот, ба ҳолати 30 апрели соли 2026 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 8 собиқадори ҶБВ дар қайди ҳаёт ҳастанд. Рӯзи 30 апрел Мирзо Ғафуров, собиқадори ҶБВ аз ноҳияи Хуросон, дар синни 100-солагӣ даргузашт. Пеш аз он, 27 апрел Раҷаб Исмонов, охирин собиқадори ҶБВ аз Ҳисор, низ дар синни 100-солагӣ фавтид.

Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ё бедарак шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *