Кӯмакҳои Президент ба Кӯлоб расиданд

Бо мақсади дастгирии саривақтии осебдидагон аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ва беҳтар кардани шароити зиндагии сокинон кӯмаки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо расонида шуд.

Ба оилаҳои зарардида 230 тонна орд, 10 тонна шакар, 10 тонна макарон, 6,5 тонна биринҷ ва 6500 литр равғани растанӣ расонида шудааст.

Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароити муваққатии зист 3 ошхонаи саҳроӣ, даҳҳо кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, инчунин беш аз ҳазор маҷмӯи либос ва пойафзоли кӯдакона дастрас карда шуд.

Илова бар ин, ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон дастгоҳҳои таъминкунандаи об, садҳо метри мукааб тахта ва 60 тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол дода шуд. Ҳамчунин, ба оилаҳои зарардида асбобу анҷоми рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ расонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар нисбат ба аҳолӣ, махсусан дар рӯзҳои душвор, бозгӯи татбиқи самараноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *