Муаррифии 30 электробуси нав дар Душанбе
5 май раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати “Акиа Авесто Автоматив Индастри” иштирок намуд.
То имрӯз аз ин ширкат 60 электробус харидорӣ шуда, дар хатсайрҳои пойтахт истифода мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» фаъолиятро моҳи январи соли 2018 оғоз намудааст. Фаъолияти он бо банду баст ва истеҳсоли автобуси замонавии тамғаи «Акиа» равона шудааст.


Ҳамчунин, дар ин рӯз Рустами Эмомалӣ ба оғози сохтмони чанд иншооти вобаста ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ҷумла шуъба дар ноҳияи Фирдавсӣ ва бинои Бозрасии давлатии автомобилӣ санги асос гузошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ