Конференсияи байналмилалӣ дар Душанбе. Баррасии рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ

Бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии илми минтақавӣ (RSAI) Конференсияи IV байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки олимону коршиносон аз кишварҳои гуногунро гирди ҳам овард.

Тавре ки аз донишгоҳи мазкур ба Pressa.tj  хабар доданд, ҳадафи асосии ҳамоиш табдил додани мавзӯи рушди устувори минтақавӣ ба як платформаи байналмилалӣ, муаррифӣ ва муҳокимаи навтарин таҳаввулоту навовариҳо дар ин самт арзёбӣ мебошад.

Дар кори конференсия намояндагони доираҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ аз кишварҳои Бразилия, Португалия, Полша, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Ҷамшед Машокиров ифтитоҳ намуда, пас аз хайрамақдам суханро ба ректори донишгоҳ Хайрулло Холназар дод. Ректори донишгоҳ баргузории чунин чорабиниро барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар минтақа муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки рушди устувори минтақавӣ дар меҳвари сиёсати давлатии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар идомаи ҳамоиш Президенти RSAI Хироюки Сибусава ба таври маҷозӣ ва ректори Донишгоҳи ба номи Мария Кюри-Складовскаяи Полша Радослав Доброволский иштирокчиёнро шодбош гуфтанд.

Дар ҷаласаи пленарӣ маърӯзаҳои олимону коршиносони ватанию хориҷӣ перомуни масъалаҳои муҳим, аз ҷумла долонҳои нақлиётии фаромиллӣ, ҳамкориҳои фазоӣ, бозорҳои байналмилалии боркашонӣ, сайёҳии экологӣ ва сармоягузорӣ дар минтақа шунида ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи конференсия роҳбарияти донишгоҳ бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ мулоқот анҷом дода, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмиро  баррасӣ намуданд.

Ҳамоиши мазкур аз 4 то 6 май идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *