Юлдуз Усмонова

Юлдуз Усмонова аз бетарбиятии ҷавонони ҳозира изҳори нигаронӣ кард

Ситораи санъати Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова дар яке аз муроҷиатҳои худ ба ҷавонон аз бетарбиятӣ ва бадахлоқии онҳо изҳори нигаронӣ кард. Муроҷиати видеоии вай дар телеграмканали “Новости шоу-бизнеса Узбекистана” нашр шудааст.

«Шумо ба ман мегӯед, ки ман сухангӯиро бас кардам ва хомӯшам. Аммо, як чизро бидонед, ки ман ҳамеша дар хотирам маълумотро ҷамъ мекунам ва як маротиба сухан мегӯям. Агар дар хотир доред, мо ба қарибӣ ба Туркманистон парвоз доштем. Он вақт мо ҳамроҳи бисёр санъаткорон дар қатори охири ҳавопаймо нишаста будем. Ман чизеро пай бурдам: ҷавонон бадахлоқ шудаанд ​​ва ба замми ин аз онҳо бӯи машрубот меомад”,- мегӯяд ҳунарпеша.

Юлдуз Усмонова аз корбарон даъват кард, ки насли калонсол ва бахусус афродеро, ки барои мардум кор мекунанд, эҳтиром кунанд.

Ёдрас мешавем, ки пештар ин сароянда дар як муроҷиати видеоии худ тамоми яҳудиёнро дар ишғоли Фаластин муттаҳам карда, ба вокуниши тунди яҳудиёни Бухоро мувоҷеҳ шуда буд. Ин видеои ӯ сарусадои зиёдеро дар фазои иттилотӣ ба миён оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *