телефон

Телефони боварӣ барои муҳоҷирон. Мушкилиҳо ҳал мешаванд?

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират телефони боварӣ таъсис додааст.

Ин тадбир барои машварат ва роҳнамоӣ баҳри ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, рафъи саривақтии он, қабули дархосту муроҷиатҳо, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия роҳандозӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ки телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар вақти корӣ аз соати 9:00 то 18:00 фаъол хоҳад буд ва ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Русия ва ғайра посух медиҳанд.

Шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои дарҷгардида муроҷиат намоянд:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68.

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98.

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22.

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69.

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77.

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *