Мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муҳаққиқи варзидаи хориҷӣ

Дар доираи ҳамкориҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. бо олими варзида, профессор аз шаҳри Калорадо — Спрингси ИМА Ҷонатан Зартман мулоқот намудааст.

Бино ба иттилои ДМТ, вохӯрӣ дар заминаи факултети замонҳои Осиё ва Аврупои донишгоҳ доир гардидааст. Дар вохӯрӣ зумрае аз устодони факултети мазкур иштирок карда, ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ, аз қабили баргузории ҳамоишҳои маҷозӣ, табодули таҷриба ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ табодули афкор намудаанд.

— Баъд аз мулоқот профессор Ҷонатан Зартман аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид нумуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *