5 медали паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷик аз Ҷоми Осиё

Паҳлавонони наврасу ҷавони Тоҷикистон дар ҷоми ҷудои Осиё-2023 миёни наврасону кадетҳо 5 медал (1 тилло ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Медали тиллоро дар ин мусобиқа Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100 кг байни ҷавонон ба даст овард.

Варзишгари дигари тоҷик байни ҷавонон Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни -81 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Се медали дигари биринҷиро аз байни наврасон Лоиқ Қутбиддинов дар вазни -55 кг, Ворис Назаров дар вазни -66 кг ва Аминҷон Абдуллозода дар вазни -73 кг ба даст оварданд. Варзишгарони моро дар ин сафар мураббиён Давид Габаидзе ва Абдулло Норов ҳамроҳӣ карданд.

Дар мусобиқа байни наврасон 381 варзишгар (239 писар, 142 духтар) аз 10 кишвар, байни ҷавонон 299 варзишгар (208 писар, 91 духтар) аз 10 кишвар иштирок доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки иштирок дар мусобиқаи мазкур ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар моҳҳои оянда марҳилаи омодагии дастаи наврасону ҷавонони кишвар ба Чемпионати ҷаҳон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки баргузории Чемпионати ҷаҳон байни наврасон 23-26-уми август дар шаҳри Загреби Крувосӣ ва байни ҷавонон 4-7-уми октябр дар шаҳри Коимбраи Португалия ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *