Зокирзода бо тимаш ба Санкт-Петербург рафт

Имрӯз як ҳайати расмии парлумон таҳти раёсати раиси МН МО ҶТ Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард. Дар ин бора маркази матбуоти парлумони Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар хабари мазкур омадааст, ки ба ин ҳайат намояндагони Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси нгамояндагон шомиланд. Ҳадафи сафарро ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ҷаласаи пленарии 55-уми АБ ИДМ унвон карданд.

Дар назар аст, ки дар ин ҷаласа вакилони Тоҷикистон масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *