Нақшаи даҳрӯзаи даъват ба Қувваҳои Мусаллаҳ муайян шуд

Маракази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иҷрои даҳрӯзаи нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбиро муайян намуд.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маърака вилояти Хатлон 34%, Суғд 26%, ва НТҶ 57% ва шаҳри Душанбе 30% нақшаи даъватро иқро крадаанд.

Ноҳияҳои Вахш, Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Ваҳдат нақшаи даъватро 100% ба иҷро расонидаанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ВМКБ дар ҳамон рӯзи нахустини маърака 100% нақшаи даъватро иҷро кард. 

«Умуман, аз якуми апрели соли равон даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 40 фоизро дар бар мегирад”,- омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ аз 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Дар ин навбат шаҳрвандони соли таваллудашон 1996-2005 даъват карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *