Ваҳдат ва Турсунзодаву Ёвон: Барои ба борон табдил додани жола 13 мушак партоб шуд

Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партоби 13 мушаки зидди жола дар фазои боронии Ваҳдат, Турсунзода ва Ёвон дар шабонарӯзи гузашта хабар дод.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки партоби ин миқдор мушак имкон дод аз 5 ҳодисаи резиши жола, ки метавонист саҳроҳои киштро фаро гирад ва ба кишоварзон зарар расонад, бартараф карда шуд.

Гуфтанист, ки ин аввалин хабари истифодаи мушакҳои зидди жола дар мавсими боронии соли ҷорӣ аз ҷониби Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Ҳадаф аз ин амал дар фазо табдил додани жола ба борон аст, то ба киштзори хоҷагиҳо зарар нарасонад.

Ҳамасола дар ин мавсим барои рафъи хатари жола садҳо мушак ба фазо партоб карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *