Тоҷикистон барои нашри китобҳои дарсӣ 20 миллион доллар мехоҳад

Тоҷикистон барои нашри китобҳои дарсии мактабҳои миёна, аз ҷумла китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ба маблағи 20 миллион доллар лоиҳа омода мекунад.

Дар ин бора ҳамраиси комиссияи байнипарлумонии Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, дар қаламрави Тоҷикистон панҷ мактаби нави таълимӣ ба забони русӣ сохта мешавад.

«Мо барои нашри китобҳои дарсӣ лоиҳаи иҷтимоӣ омода кардем. Ба мо барои амамалисозии ин лоиҳа ҳудуди 20 млн доллари ИМА лозим аст ”,- таъкид кард Аҳмадзода.

Ҳамчунин, ӯ хоҳиш кард, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд.

Қаблан маълум шуд, ки раиси Девони вазирони Русия Мишустин соли 2022 ҳаҷми рекордии муомилоти мол миёни Русия ва Тоҷикистонро эълон кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *