Роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳбони боэътимод дорад

Зимистони имсола барои ширкати IRS як санҷиши ҷиддӣ буд, ки роҳбарият ва кормандонаш сарбаландона гузаштанд.

Шояд баъзеҳо мепиндоштанд, ки масъулини ин ширкат вобаста ба боришот ва тармафароӣ муболиғаву воҳима мекунанд. Вале рӯзҳое, ки бориши барф пуршиддат буду тармафароӣ бениҳоят зиёд, мусофирону ронандагон воқеиятро бо чашми худ диданд. Шоҳид гардиданд, ки кормандони ширкат аз уҳдаи масъулияти доштаашон баромаданд. Роҳ таври мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард шуду техникаҳо мунтазам барфро тоза мекарданд. Дар он рӯзҳо ҳазорҳо тарма бетаъхир бартараф гардид. Ҳатто шабона кормандони IRS фаъолиятро қатъ накарданд ва ягона умед чароғҳои равшани техникаҳои пуриқтидори ширкат буд, ки ба маънои томаш ба дили ронандагону мусофирон шуълаи умед мекиштанд.

Чунин масъулиятшиносӣ буд, ки роҳи Душанбе — Чаноқ сарфи назар аз бориши пуршиддати барф ва тармафароии бениҳоят зиёд баста нашуд. Барои муқоиса, дигар роҳҳои мамлакат бо вуҷуди чандон шиддатнок набудани бориши барф ва набудани тармафароӣ дар рӯзҳои мавриди назар баста буданд. Мефаҳмам, ки нигоҳдории роҳ рисолату вазифаи кормандони IRS аст, вале эътироф бояд кард, ки аз уҳдаи иҷрои вазифа на ҳар кас баромада метавонад.

Замоне, ки IRS дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро ба уҳда гирифт, буданд нафароне, ки изҳори норозигӣ мекарданд. Албатта, ин як раванди табиӣ буд, зеро он вақт ҳанӯз моҳияти пулакӣ шудани роҳро мардум хуб дарк накарда буданд. Хушбахтона, ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва натиҷаҳои назаррас норозиён қариб аз байн рафтанд.

Муҳимтар аз ҳама, пулакӣ шудани роҳ роҳкироро на афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд.

Роҳи мазкур баъд аз таҷдид мавриди истифода аст ва мусаллам аст, ки дар ин муддат он таъмирталаб шудааст. Аз ин рӯ, агар ширкат фаслҳои зимистону баҳор ба тоза кардани роҳ аз тармаву селовардаҳо машғул шавад, пас фасли гармо таъмири он масъалаи меҳварист.

Имрӯзҳо агар аз ин роҳ гузар намоед, дар ҳар қитъа кормандони IRS-ро машғули кор мебинед.

Ширкати зикршуда корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии худро дорад, ки фаъолияташон пурмаҳсул аст. Чунин тарзи корро дида, мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки бе мавҷудияти IRS шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид.

Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ филиали ширкат ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд.

Суханони мазкур далели бебаҳси онанд аст, ки роҳи Душанбе — Чаноқ дар симои IRS нигоҳбони боэътимод дорад.

Каримҷон БОЗОРОВ, ронанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *