хишти пухта

Бозсозии корхонаи хишти пухта дар Мастчоҳ

Ҳоло оташдони корхонаи хишти пухтаи ноҳияи Мастчоҳ, ки ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта сохта шуда буд, барқарор карда шуда истодааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Барои дубора ба кор андохтани корхонаи мазкур соҳибкорон аз Чин таҷҳизоти нав ворид намудаанд.

Баъди пурра ба кор даромадан иқтидори солонаи корхона 20 миллион дона хиштро ташкил дода, 50 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Тавре маъмурият қайд карданд, пас аз таъмиру бозсозӣ корхона дуюмин ва калонтарин корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Мастчоҳ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *