қарз

Бохтар: беш аз 220 ташкилоту идора дар рӯйхати қарздорон

Феълан қарзи аҳолӣ, идораҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар назди КДФ “Обу канализатсияи шаҳри Бохтар” ба ҳашт миллиону 630 ҳазор сомонӣ расидааст. Ба рӯйхати қарздорон беш аз 220 ташкилоту идораҳои гуногун ворид мешаванд.

Гулбарг Зайнуллоева, сармуҳосиби Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки қарз то авввали моҳи апрели соли равон ҳисоб карда шудааст. Ӯ мегӯяд, ки хушбахтона, наздики 350 ҳазор сомонӣ қарзи ҳақи хизмати обрасонӣ тариқи ҳисоббаробаркунӣ кам карда шудааст.

“Ба чанд муассиса ва идораи буҷавии ноҳияи Кӯшониён ҳам аз ҳисоби идораи мо хизмати обрасонӣ карда мешавад. Мутаассифона, қарзи онҳо ҳам каму беш 496 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин боз қисман ба сокинони ҷамоати деҳоти Ориён ва ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа об дода мешавад, ки онҳо ҳам қарзи кам надоранд”,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *