Боздошти “Эшони каратэ” ва ошкори саргузашти пинҳонии ӯ
Дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён шаҳрванд Ахмедов Саидахмед Маҳмадиевич (санаи таваллуд: 28.11.1960), сокини маҳаллаи Маданият 2, ки қаблан бо моддаи 170 (дузанагӣ ё серзанагӣ) суд шудааст, барои алоқаи ҷинсӣ ва кирдорҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ боздошт гардид.
Бинои ба иттилои ВКД, номбурда дар байни мизоҷони худ бо тахаллуси “Эшони каратэ” маъруф буда, бидуни доштани маълумоти расмии динӣ ба фаъолияти мардумфиребона машғул будааст. Ӯ худро ҳамчун шахси “табобаткунанда” муаррифӣ карда, хизматрасониҳое чун ҷинбарорӣ, бахткушоӣ, “гарм” кардани муносибатҳои оилавӣ, кушоиши кор ва бартараф кардани сеҳру ҷоду бо роҳи дуохонӣ ва навиштани тумор пешниҳод мекардааст.
Тибқи маълумоти мақомоти милитсияи кишвар, ӯ занони корафтодаро дар манзили худ бидуни ҳузури наздиконашон қабул намуда, ҳангоми “дуохонӣ” бо истифода аз боварии динӣ нисбати онҳо кирдорҳои бадахлоқона анҷом додааст. Ҳамчунин, барои қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ баъзе занонро бо роҳи фиреб ба никоҳ дароварда, пас аз ҳамхоба шудан аз онҳо ҷудо мешудааст.
Гумонбаршуда иқрор намудааст, ки чунин “никоҳ”-ҳоро танҳо бо мақсади қонеъ кардани талаботи шахсӣ анҷом додааст. Ҳангоми тафтиши телефони ӯ низ маълум гардидааст, ки ба занони гуногун паёмакҳои дорои мазмуни ошиқона ирсол мекардааст.
Ба гуфтаи худи ӯ, бо зиёда аз 11 нафар зан бо ҳамин роҳ алоқаи ҷинсӣ доштааст. Айни ҳол, ӯ бо 3 ҳамсар зиндагӣ дошта, аз 10 зан 20 фарзанд дорад, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки барои ба даст овардани боварии мардум, номбурда ҳангоми “ҷинбарорӣ” усулҳои варзиширо истифода бурда, гӯё ҷинҳоро бо мушту лагад мезадааст. Аз ҳамин сабаб, дар байни мизоҷон бо номи “Домулло-каратэ” низ машҳур шудааст.
Барои чунин “хизматрасониҳо” ӯ аз шаҳрвандон аз 100 то 200 доллари амрикоӣ ва ҳатто як сар гусфанд талаб намуда, бо баҳонаи қурбонӣ ҳал кардани мушкилоти онҳо ваъда медодааст.
Қайд мегардад, ки Ахмедов Саидахмед беш аз 20 сол дар масҷиди маҳалла ба ҳайси имомхатиб фаъолият дошта, мардумро ба ахлоқи нек даъват мекард, вале дар паси парда ба амалҳои хилофи қонун ва ахлоқ машғул будааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ӯ бо моддаи 142 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ВКД таъкид мекунад, ки оид ба ин қазия рӯзҳои наздик гузориши телевизионӣ пешниҳод мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ