Тарабхонаи «Умари Хайём»дар Минск ифтитоҳ ёфт
Дар Маркази тиҷоратии «EXPOBEL»-и шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ба фаъолият оғоз намуд.
Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар додаааст.
Дар чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.
Зимни чорабинӣ меҳмонон бо таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла оши палов, қурутоб ва дигар хӯрокҳои тоҷикӣ шинос гардида, ҳамзамон аз барномаи фарҳангӣ, ки унсурҳои мусиқӣ ва расму оинҳои миллиро дар бар мегирифт, баҳра бурданд.
Тарабхонаи «Умари Хаём» бо фароҳам овардани муҳити хоси миллӣ ва хизматрасонии муосир метавонад ба яке аз маконҳои ҷолиби дӯстдорони фарҳанг ва таомҳои шарқӣ дар шаҳри Минск табдил ёбад.
Ҳадаф аз боз намудани ин тарабхона муаррифии фарҳанг, анъанаҳо ва таомҳои миллии тоҷикӣ дар хориҷи кишвар мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ