Трамп Эронро бо нобуд кардани пурра таҳдид кард
Дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ва бархӯрди мустақими нерӯҳои Эрону ИМА, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп бо изҳороти тунди нав баромад кард.
Зимни мусоҳиба бо шабакаи Fox News, Трамп бо истифода аз лаҳни таҳдидомез изҳор дошт, ки агар Эрон ба нақшаҳои ИМА барои боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз халал расонад, аз рӯи замин маҳв хоҳад шуд.
Коршиносон мегӯянд, ин гуна изҳорот нишон медиҳад, ки Трамп ба сиёсати шадиди қаблии худ баргаштааст. Қаблан низ ӯ дар давраи ба истилоҳ «Ҷанги Рамазон» чунин таҳдидҳоро баён карда буд, аммо онҳо ба натиҷаҳои воқеӣ нарасиданд.
Вазъ дар минтақа ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ