Зариф Ализода – арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси маъруф (видео)

Имрӯз арбоби давлатӣ ва Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Зариф Ализода зодрӯз дорад.
Зариф Ализода 5 майи соли 1962 таваллуд шуда, аз зумраи шахсиятҳои маъруфи соҳаи ҳуқуқ ва идоракунии давлатӣ ба шумор меравад.

Ӯ пас аз хатми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолиятро ҳамчун ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ оғоз кардааст.

Дар давоми фаъолияти худ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор карда, таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва идоракунии давлатӣ ба даст овардааст.

Айни замон Зариф Ализода дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  ва Намояндаи ваколатдори Президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ӯ муаллифи беш аз 50 асару мақолаҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ буда, дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар кишвар саҳми назаррас гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *