Коҳиши суръати рушди саноат дар Суғд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд  иброз дошт, ки «суръати рушди соҳаи саноат дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст». Ин мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 30 марти соли равон дар шаҳри Гулистон баргузор шуд.

Сарвари давлат дар робита ба коҳиш ёфтани суръати рушди соҳаи саноат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро пурра таҳлил намуда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд.

Ҳамчунин, дар робита ба фаъолияти номуназзами баъзе корхонаҳои саноатӣ дар вилоят супориш дода шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои ғайрифаъол ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Ба таъкиди Президенти кишвар, истифодаи самараноки имконияти мавҷуда, таъмин ва ҷалби сармоя, таъсиси ҷойи нави кор, рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот бояд таҳти назорати доимӣ қарор гирад.

Инчунин, супориш дода шуд, ки фаъолият дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмин намудани рушди устувор боз ҳам тақвият дода шуда, барои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *