Бохтар нақшаи даъвати баҳориро пеш аз оғоз иҷро кард
Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро як рӯз пеш аз оғози маъракаи даъват пурра иҷро намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Бохтар, иҷрои саддарсадии нақша таъмин гардида, айни замон дар шаҳр маъракаи «Рӯзи даъватшаванда» идома дорад.
Гуфта мешавад, Бохтар яке аз аввалин шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад, ки даъвати баҳориро пурра анҷом додааст.
Зимни чорабинӣ шаҳрдор Абдулмаҷид Муминзод ба волидон барои тарбияи фарзандони ватандӯст изҳори сипос намуда, ба ҷавонон дар хизмати Ватан комёбӣ орзу кард.
Ҳамчунин дар ин рӯз ба бархе аз даъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуда, ба волидони онҳо тӯҳфаҳои мақомоти маҳаллӣ тақдим гардид.
Ба иттилои манбаъ, солҳои охир дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар рӯзҳои аввали маърака иҷро мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ