Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара

Имрӯз, 31 март Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ вориди шаҳри Исфара  шуд.

Дар фурудгоҳи муваққатӣ Сарвари давлатро масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Исфара ва сокинони маҳаллӣ истиқбол гирифтанд.

Бино ба иттилои расмӣ, сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо боздид аз боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар масоҳати 600 гектар, шинонидани ниҳолҳои дарахтҳои мевадиҳанда, ифтитоҳи оби полезӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид.

Дар намоишгоҳи муваққатии маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз навъҳои тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, зардолу, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд.

Ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони шаҳри Исфара бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 3 ҳазору 710 гектар расонидаанд. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овардааст, ки дар шаҳри Исфара афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмуи маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара ба ҳолати 1 марти соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 74 ҳазор тонна барорбар гардидааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 4 ҳазору 300 тонна афзоиш ёфтааст.

Дар шаҳри Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти боғи интенсивӣ ва суперинтенсивии “Истиқлол”, ки бо саҳми соҳибкорон Абдуризо Абдулаҳатов ва Сорбон Савриддинов дар масоҳати 600 гектар замини бекорхобида бунёд гардидааст, шинос шуда, ба ифтитоҳи хатти оби полезӣ оғози расмӣ бахшид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *