Медали тиллои донишҷӯи тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ

Фаррух Каримзода, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар олимпиадаи 6-уми кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон (OMOUS-2026) соҳиби медали тилло гашт.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, олимпиада аз 23 то 28-уми март дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бо иштироки 547 нафар аз 72 донишгоҳ ва 10 давлати ҷаҳон баргузор гашта, Фаррух Каримзода дар категорияи А (математикҳои касбӣ) бо намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон рақобат намуда, маҳорати баланди зеҳнӣ нишон дод ва соҳиби медали тило гашт. Ин аввалин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада ба ҳисоб меравад.

Фаррух Каримзода дар омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ саҳми фаъол дошта, ба насли наврас кумак мерасонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *