Ҷаримаи зани 64-сола барои ирсоли навори динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Суди шаҳри Исфара зани 64-соларо барои ирсоли наворҳои дорои мазмуни динӣ дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» 7 ҳазору 20 сомонӣ ҷарима кард.
Қарор 12 март қабул шуда, зан моҳи январи соли ҷорӣ чунин наворҳоро ба ду хешовандаш ирсол кардааст.
Гуфта мешавад, ки мурофиа ошкор баргузор гардида, айбдоршаванда гуноҳашро эътироф намуда, аз кирдораш изҳори пушаймонӣ кардааст.
Суд ӯро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гунаҳкор дониста, тибқи моддаи 474, иловаи 2, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ба ҷарима маҳкум кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ