Дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба Артиш оғоз шуд
Имрӯз, 1 апрел дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид, ки то 31 май идома меёбад.
Даъват дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026 амалӣ шуда, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008 (синни 18 то 27-сола)-ро дар бар мегирад.
Тибқи Қонуни «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», шаҳрвандони марди ба синни 18 расида ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Ҳамзамон, шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмат дониста шудаанд, адои хизмати ҳарбиро анҷом додаанд ё бо ҳукми суд маҳкум шудаанд, аз даъват озод мегарданд.
Мутобиқи талаботи қонун, мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои дахлдор уҳдадоранд даъватшавандагонро ба ҳисоб гирифта, иштироки саривақтии онҳоро дар комиссариатҳои ҳарбӣ таъмин намоянд.
Ёдовар мешавем, ки даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон соле ду маротиба — аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр баргузор мешавад.
📱 Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ