Муқимҷон Абдуфаттоев: Ҳаҷв бояд мутобиқи замон бошад!

Муқимҷон Абдуфаттоев аз чеҳраҳои маъруфу маҳбуби санъати тоҷик буда, бо ҳунари нотакрор, маҳорати баланди актёрӣ ва суханони намакину ҳаҷви созандааш дар саҳнаи театру синамои миллӣ ҷойгоҳи хос дорад. Ин ҳунарманди ҳирфаӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии театр-студияи “Хандинкамон” то имрӯз роҳбарии онро ба зимма дорад ва солҳост, ки ба мардум хушҳолӣ мебахшад. Бахшида ба Рӯзи ханда бо ин ҳунарманди номвар суҳбат оростем.

– Фазои имрӯзаи ҳаҷви тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Бо вуҷуди он ки имрӯз ҳаҷвнигорон ва блогерони зиёд фаъолият мекунанд, фазои ҳаҷви тоҷик холӣ ба назар мерасад.

Ҳаҷви асили тоҷик, ки мазмуну муҳтавои амиқ дошт, имрӯз камранг шуда ва гӯё бесоҳиб мондааст. Ҳаҷви воқеие, ки бояд инъикосгари мушкилоти ҷомеа бошаду ба талаботи замон ҷавоб диҳад ва дар баробари хандонидан ба андеша кардан водор созад, қариб ки намондааст. Албатта, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе ҳаҷвнигорону блогерон наворҳои ҳаҷвӣ мегузоранд, аммо на ҳар як лаҳзаи шӯхӣ метавонад ҷойгузини ҳаҷви воқеӣ бошад. Барои рушди ин соҳа мактаби махсуси ҳаҷв таъсис додан зарур аст. Дар он истеъдодҳои ҷавонро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ оварда, бо роҳнамоии устодони таҷрибадор тарбия бояд кард.

– То имрӯз чанд барномаи ҳаҷвӣ омода кардаед ва таҳияи барномаҳои ҳаҷвӣ чӣ душвориҳо дорад?

– Аз соли 1989 дар саҳнаам. То имрӯз ҳамчун ҳунарманд, коргардон, ҳаҷвнавис 6 филм, 5 намоишномаи касбӣ дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ҳунармандони касбӣ, даҳҳо барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва ҳазорҳо латифа ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ омода кардаам. Ҳамчун коргардон дар ҷашни “60-солагии шаҳри Бӯстон”, ҳамчун коргардон ва ёвари коргардон дар чорабиниҳои оммавии Наврӯз ва Истиқлол дар вилоят саҳм гузоштаам.

Ҳаҷв аз душвортарин самтҳо маҳсуб меёбад. На ҳар ҳаҷвнигор ё ҳаҷвнавис ҳаҷвро ба ҳамон дараҷае, ки ҳаст, бурда мерасонад. Зеро вазифаи он танҳо хандонидан нест, балки ба андеша водор сохтани тамошобин ё шунаванда аст. Мақсади ҳаҷв тавассути танз нишон додани камбудист. Аз ин рӯ, ҳаҷв на танҳо воситаи фароғат, балки як навъи тарбия ва худшиносӣ низ мебошад, ки ба пешрафти ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунад.

– Рисолати ҳаҷву ҳаҷвнигор аз чӣ иборат аст ва оё он рисолатеро, ки дар ҷомеа дорад, иҷро карда истодааст?

– Рисолати ҳаҷву ҳаҷвнигор пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки ҷомеаро оинавор инъикос намояд. Ҳаҷв на танҳо барои хандонидани мардум, балки барои бедор кардани шуур, ташаккули тафаккур хизмат мекунад. Яъне рисолати асосии ҳаҷв – ин тарбия, огоҳсозӣ ва такмил додани ҷомеа мебошад. Дар мавриди он ки оё имрӯз ҳаҷву ҳаҷвнигор рисолати худро иҷро мекунад ё не, метавон гуфт, ки ин масъала якранг нест. Дар баъзе маврид ҳаҷв рисолаташро иҷро карда истодааст, аммо хеле кам. Мутаассифона, мо ҳаҷвнавис кам дорем. Ҳаҷвнависони мо бештар ба публитсистика рӯй овардаанд. Имрӯзҳо ҳаҷвнигорон ҳам менависанду ҳам иҷро мекунанд, ки ин албатта дуруст нест. Зеро вазифаи ҳаҷвнигор офаридани нақш аст, на эҷоди ҳаҷв. Алҳол мо бо ҳаҷвнависони муваффақ Додохони Эгамзод, Эгамназари Соҳибназар ва дигарон ҳамкорӣ дорем.

– Чаро имрӯзҳо барномаҳои ҳаҷвии телевизионӣ кам шудаанд?

– Худ огоҳед, ки ҳар телевизион шуъбаи фароғатӣ дорад. Пештар ҳамин шуъбаҳо бо мо ҳамкорӣ мекарданд. Вале солҳои охир ба мо дар мавриди сабти барномаҳои ҳаҷвии телевизионӣ шуъбаи ягон телевизион муроҷиат накардааст.

Сабаби пароканда шудани дастаҳои ҳаҷвиро дар чӣ мебинед?

– Вақте маблағи ба даст меовардаи ҳунарманд талаботашро қонеъ намекунад, маҷбур мешавад ба дигар соҳа рӯй орад. Агар як омилаш ба иқтисодиёт тааллуқ дошта бошад, сабаби дигараш ба ҳам мувофиқ наомадани характери роҳбару корманд аст. Дар ин ҷо нақши асосиро роҳбар мебозад. Роҳбар бояд таҳаммулпазир бошад, ба кормандон эҳтиром гузорад ва андешаҳои онҳоро мадди назар гирад.

– Аз соли 1989 дар саҳнаед. Оё нақшаҳое, ки 37 сол пеш дар назди худ гузошта будед, амалӣ шуданд?

– Яке аз орзуҳои ман ҳамчун як ҷавони деҳотӣ аз Исфара ба намоиш гузоштани беҳтарин барномаҳои ҳаҷвӣ дар саҳнаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он буд, ки амалӣ шуд. Шукр, ки Худованд ба ҳама орзуҳои некам расонд.

Ҳоло ният дорам мактаби ҳаҷвии худро таъсис диҳам. Дар он истеъдодҳои ҷавонро аз давраи мактабхонӣ ҷалб намоям ва ҳамон мактаби тасъсис додаам баъди ман ҳам амал кунад.

– Шумо дар соҳаи ҳаҷв аз устодони соҳибмактабед. Худи шумо пайрави мактаби ҳаҷвии кадом устодон будед?

– Убайдулло Раҷабов, Абдураҳим Неъматов, Қиёмиддин Чақалов, Аловуддин Абдуллоев, ҳарчанд дӯсти мо буданд. Ин ҳунармандони ҳирфаӣ мутаасифона дар байни мо нестанд. Лекин мактаби ҳунарии онҳо шоистаи пайравист. Ман худ аз озмуни ҳаҷвӣ, ки ҳамасола дар шаҳру навоҳии вилоят бо ташаббуси устоди зиндаёд Абдураҳим Неъматов баргузор мешуд, ба олами ҳаҷв омадаам.

– Чаро имрӯзҳо чунин озмунҳо амал намекунанд ва оё театрстудияи “Хандинкамон” имкон дорад, ки чунин ташаббусҳоро роҳандозӣ намояд?

– Бале, чунин имконият вуҷуд дорад. Аммо барои татбиқи он дастгирии сарпарастон зарур аст. Агар онҳо кумак кунанд, метавон корҳои бузургро анҷом дод. Масалан, дар деҳаҳои дурдаст ҳаҷвнигорон ва тақлидкорони боистеъдод зиёданд, ки истеъдодашон то ҳол пурра ошкор нашудааст. Вазифаи мо ин аст, ки ин истеъдодҳоро дар якҷоягӣ дастгирӣ намуда, ба саҳнаҳои калон барорем. Зеро бисёре аз онҳо хоҳишу ҳавас доранд, аммо имконият надоранд. Ташкили чунин озмунҳо на танҳо барои кашфи истеъдодҳои нав, балки рушди санъати ҳаҷв низ заминаи мусоид фароҳам меорад.

– Чаро баъзе ҳунармандон ё блогерон аз усулҳое ё калимаҳое истифода мебаранд, ки ба меъёрҳои ахлоқӣ мувофиқ нестанд?

– Албатта, ҳунарманди асил этикаи касбиро риоя мекунад. Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки роҳи осонтарини хандонидани мардум истифодаи сухан ва ё амалҳои ғайриахлоқист. Вақте шумо шарикатонро дар саҳна як шаппотӣ мезанеду мардум механданд, ин ҳаҷв нест. Ин масхарабозӣ аст. Ҳаҷви асил бояд на танҳо хандонад, балки мазмуну мундариҷа дошта бошад ва тамошобинро ба фикр кардан водор созад. Завқи тамошобин бештар аз ҳунарманд вобаста аст. Онҳо чизеро тамошо мекунанд, ки ҳаҷвнигорон ё блогерон пешниҳод мекунанд. Ҳаҷв чаҳорчӯба дорад ва аз он чаҳорчӯба баромадан мумкин нест. Ё механдонам гуфта ҳар хел суханҳоро ба забон овардан аз руйи одоб нест. Ҳаҷв санъати нозук аст ва на ҳар кас метавонад онро дуруст иҷро кунад. Барои офаридани ҳаҷви босифат лозим аст, ки он ҳам муаллиф (ҳаҷвнавис) ва ҳам коргардони хуб дошта бошад.

– Барои рушди ҳаҷв ва нигоҳ доштани рисолати он чӣ бояд кард?

– Меҳнат, меҳнат ва боз ҳам меҳнат. Танҳо бо заҳмату омӯзиши пайваста метавон дар ин самт ба пешравиҳо ноил шуд. Ҳунарманд бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошад, то истеъдодашро рушд диҳад. Ӯ бояд ҷомеаро хуб дарк кунад, дарди мардумро ҳис намояд ва онро бо забони нозук ва бадеӣ баён кунад. Танҳо дар ин сурат метавонад миёни мардум маҳбубият пайдо намояд.

– Шумо дар баробари ҳаҷвнигору суханвар будан, ҳаҷвнависи муваффақ ҳам ҳастед. Оё маҳсули эҷоди худро дар як маҷмӯа ҷамъ овардаед?

– То имрӯз тақрибан 11-12 ҳазор латифа навиштаам. Ният дорам онҳоро дар як маҷмӯа гирд оварам ва ба шакли китоб нашр кунам. Ҳоло он мавриди таҳрир қарор дорад. Фикр мекунам китобе мешавад, ки табъи ҳар мутолиакунандаро болида месозад.

– Дар охир чӣ гуфтанӣ доред?

– Хуб мешуд бо якдигар ҳамеша бо табассум нигоҳ кунем. Бо меҳру муҳаббат муносибат кунем. Мутаассифона, баъзан мебинем, ки ҳамсоя бо ҳамсоя, коргар бо ҳамкор ё роҳбар муносибати хуб надоранд. Мо бояд кинаву адоватро аз дил дур кунем ва ба ҳамдигар дасти мадад дароз намоем. Кибр накунем. Новобаста аз дороӣ, мансаб ё вазъи иҷтимоӣ зарур аст, ки кибру ғурурро аз худ дур созем. Дунё дунёи дурӯза аст, пас чаро бо ҳамдигар бо меҳрубонӣ ва табассум муносибат накунем? Аллакай тайи чанд соли охир аз телефонам 37 рақамро ҳазф кардам, зеро соҳибони онҳо дигар дар байни мо нестанд. Онҳо дӯстони хубам буданд. Аз ин рӯ, бояд ба қадри якдигар расем. Ба ҳамдигар кумак кунем. Вақте ки дар мансабем, то метавонем дигаронро кумаку дастгирӣ намоем. Якдигарро таҳқир кардан, кибр варзидан ё дағалона рафтор намудан дуруст нест. Барои хандидан сабаб пайдо кунем, зеро ханда занги дилро мерабояд. Инсоне, ки табассум мекунад, хеле зебост. Аз чеҳраи кушоди ӯ дил мунаввар мешавад. Аз нигоҳи илмӣ низ гуфта мешавад, ки ҳангоми хандидан 32 тору табури инсон ба ҳаракат медарояд, ки ба саломатӣ муфид аст. Барои ҳамин, ҳамеша хандед ва ба ҳамдигар бо табассум нигоҳ кунед.

– Ташаккур барои суҳбат!

– Саломат бошед!

Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *