“Шоҳин Эйрлайнз” ҳавопаймои нав мехарад
Намояндаҳои “Шоҳин Эйрлайнз” дар Чехия шартномаи хариди ҳавопаймои минтақавии Let L-410 NG-ро имзо карданд.
Ба иттилои ширкат, ҳавопаймои мазкур барои иҷрои парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ истифода хоҳад шуд.
Зафар Аҳмадзода, роҳбари ширкат изҳор доштааст, ки хариди L-410 NG ба рушди навгони ҳавопаймоии ширкат мусоидат мекунад ва сифати хидматрасонӣ ба мусофиронро беҳтар хоҳад сохт.
“Шоҳин Эйрлайнз” – ширкати хусусӣ, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе навгон (парк)-и худро дорад, қаблан эълон карда буд, ки як бунёди аврупоӣ барои рушди ширкат беш аз $200 млн ҷудо мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ