Комилов сардори нозироти андоз шуд

Ӯ чанд вақти охир дар вазифаи муовини сардори нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич кор кардааст.

Як манбаъ аз Раёсати андоз дар вилояти Суғд гуфтааст,ки  фармони Нусратулло Давлатзода дар бораи таъйиноти кадрӣ дар нозироти андози ноҳияи Деваштич дар оғози ҳафтаи равон ба имзо расидааст.

“Дар асоси фармони сардори Кумита аз душанбеи 5 уми сентябр Комилов Шероз, сардори нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич таъйин гардидааст”, гуфт манбаъ.

Комилов дар ин мақоми вазифавӣ Раҷабзода Мунавари Махсудро иваз намуд, ки номбурда санаи 27 сентябри соли ҷорӣ ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Деваштич дар роҳи ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд.

Дар пайи ин садама Раҷабзода ва ҳамсараш Лайло Маҳмудова ва инчунин худи Давлатов Абдулло Ҳасанович, ронандаи 35 солаи автомашинаи “Дулан”, ки ба “Хундай” и сардори нозироти андози Деваштич бархурдааст дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

 Шероз Комилов то ин замон дар якчанд шуъбаҳои нозироти андоз фаъолият намудааст. Ӯ чанд вақти охир дар вазифаи муовини сардори нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич кор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *