Кормандони бонкро ба маҳкама бурданд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе панҷ корманди филиали “Тоҷпромбонк” дар Шаҳринавро дар маҷмӯъ барои 54 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Ин афрод дар “азхудсозии маблағи бонк” муҷрим шинохта шудаанд.

Бар пояи иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон, директори филиал Қурбонов С.Н.сармуҳосиб Тешаева С.Б., хазинадор Ғафуров И.С. коршиносони калони қарзии бонк Сафаров Х.Н. ва Ҳодиев Ф.Ҷ. аз соли 2013 то моҳи феврали 2016 бо маслиҳати пешакӣ пасандоз, маснуоти тилловорӣ ва маблағҳои пешпардохти мизоҷонро аз худ намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ин афрод ба “Тоҷпромбонк” дар ҳаҷми 188.000 доллар, 95.182 сомонӣ ва 278.738 рубли русӣ зарар расонидаанд.

Бо қарори додгоҳ, Қурбонов 16 сол, Ғафуров И.С. 12, Ҳодиев Ф.Ҷ., Сафаров Ҳ.Н. 9 солӣ ва Тешаева С.Б. 8 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *