Кошифи асрори азал

  Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Ҳасан ибни Сино (Авитсенна, 980-1037) умри кӯтоҳ ва афсонавиро, ки пур аз мусофиратҳо, суъуд ва суқут буд, ба сар бурдааст. Табиби бузург ва энсиклопедисти беҳамто барои наслҳои минбаъда мероси ғаниеро, ки даҳҳо соҳаҳои гуногуни илмҳои асрҳои миёна – тиб, геология, кимиё, риёзӣ, механика, фалсафа, дин, адабиёт, шеър, педагогика, мусиқӣ ва дигарҳоро фаро мегирад, боқӣ гузошт ва ин аз вусъати алоиқи илмии ӯ дарак медиҳад.

Илми тиб дар давраи Сино маводи зиёдеро оид ба соҳаҳои гуногуни тибби назарӣ ва амалӣ ҷамъ оварда буд. Захираи донишҳои тиббӣ ва биологӣ хусусан дар робита ба такомули ҷараёни тамаркузёбӣ ва наздикшавии системаҳои гуногуни тиббӣ ва қабл аз ҳама Юнони Қадим бо арабу форсӣ ва ҳинду тибетӣ, тибби амалӣ бо тибби илмӣ, хусусан вазнин мегардад. Дар натиҷаи чунин наздикшавӣ, аз як тараф методҳои нисбатан муассири табобат ва ташхис тавсеа меёбанд, аз тарафи дигар маълумоти мутаноқиз ва баъзан ғалат оид ба проблемаҳои асосии тибби назарӣ ва амалӣ ба вуҷуд меоянд.

Ягон соҳаи тиб аз назари Абӯалӣ ибни Сино дур намондааст, вале дар давоми ҳазор сол асарҳои зиёди олим нопадид гаштанд. Дар баъзе ҳолатҳо танҳо номи китоб ва рисолаҳо боқӣ мондаанд, ки аз рӯи он метавон маълум сохт, ки ин ё он асар ба кадом проблема бахшида шудааст. Аз рӯи библиографияи тартибдодаи Юсуф Нуралиев теъдоди осори тиббии олим беш аз 59 номгӯй буда, амрози дарунӣ, ҷарроҳӣ, шикастабандӣ, рӯҳӣ, равонӣ, психотерапия, саратон, амрози атфол,  ҳомиладорӣ-зоиш, санги масона, дермотология, чашм, ларингология, диетология, герантология, гигиена, эпидемиология, паразитология, патологияи инфексионӣ, косметология, анатомия, физиология, дорусозӣ, токсикология, фармакокнозия, фарматсия ва дигар самтҳои тибро дар бар мегирад.

Қисми зиёди осори тиббии Абӯалӣ ибни Сино ба забони арабӣ, ки дар асрҳои миёна чун забони илмӣ хидмат мекард, навишта шудааст. Вай танҳо се китоби худро ба забони модариаш – тоҷикӣ иншо кардааст: “Донишнома”, “Тадбири манзил”, “Рисолаи набз”.

Дар иртибот ба навъи иншо осори тиббӣ — биологии Ибни Сино ба рисолаҳои насрӣ ва асарҳои назмӣ ҷудо мешаванд. “Қонун-фӣ-тиб” ва қариб 50 китобу рисолаҳои дигар аз он ҷумла: “Алвоҳия”, “Рисолаи набз”, “Урҷуза фӣ тиб”, “Рисолаи ишқ”, “Тадбири манзил” ба асарҳои насрӣ мансубанд. Ба асарҳои назмии олим 9 адад рисолаи зерин: “Урҷуза-фӣ-тибб”, ки аз 1329 дубайтӣ иборат аст, “Урҷуза-фӣ-боҳ” тақрибан 60 дубайтӣ, “Урҷуза-фӣ-ҳифзи сиҳҳа”– 151 дубайтӣ, “Урҷуза-фӣ-тиб-фӣ усули арбаа” – 121 дубайтӣ, “Урҷуза-фӣ-муҷарработ” – 117 дубайтӣ, “Урҷуза-фӣ-тибб”–“Урҷуза-фӣ-муҷарработ” – 117 дубайтӣ, “Урҷуза-фӣ-тибб”– 121 дубайтӣ, “Урҷуза-фӣ-васоё ал-буқрот”– 93 дубайтӣ, “Урҷуза-фӣ-васоё ат-тиббия”– 89 дубайтӣ шомил мешаванд. Зери унвони “Урҷуза-фӣ-тибб” ду рисола ба чашм мехӯрад, ки назар ба тавсифи Қановатӣ аз ҳамдигар фарқи ҷиддӣ дошта ва ҳар кадом китоби алоҳида мебошанд.

“Ал-қонун-фӣ-тибб” – дар эҷодиёти олим мақоми арзандаро ишғол менамояд, ки дар тӯли беш аз 300 сол на танҳо дар Шарқ балки дар Ғарб чун дастурамали асосии тиббӣ хидмат кардааст. Дар ин китоб маълумоти дар натиҷаи таҷрибаи амалӣ ба дастомада ва ҳамчунин асосҳои назарии соҳаҳои гуногуни тиб ҷамъоварӣ шудааст.

Мутафаккири бузург ҳангоми тавсифи бемории саръ, обила, сурхак ва дигар маризиҳо мушахассоти вогирии онҳоро таъкид менамояд.   Абӯалӣ ибни Сино дар рисолаи “Набз” – 60 навъи набзи оддӣ ва 30 навъи набзи мураккабро тавсиф намуда, ҳамчунин дар бораи аҳамияти ташхиси онҳо сухан меронад.

Абӯалӣ ибни Сино комёбиҳои илми тибро ба ташхиси дақиқ, таъини табобати судманд тавъам бо парҳези мутобиқ ва режими дуруст марбут медонад. Аз ин ҷо ӯ ба масоили давошиносӣ ва хусусан илми дорушиносӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Китобҳои таълиф намудаи Абӯалӣ ибни Сино дорои бобҳои алоҳида оид ба масъалаҳои дорушиносии хусусӣ ва умумӣ мебошад. ӯ беш аз 3000 таркибҳои содда ва мураккаби давоиро баррасӣ менамояд, ки беш аз 80% онҳо набототӣ мебошад.

Масъалаҳои тарбияи табиб ва ахлоқи табиб дар тамоми асарҳои асосии Абӯалӣ ибни Сино бо хатти заррин таъкид гардидаанд. ӯ ба ин мавзӯи барои табибон зарурӣ“Урҷузагардидаанд. ӯ ба ин мавзӯи барои табибон зарурӣ“Урҷуза фи васое ат-тиббия”, “Урҷуза фи васое ал-Буқрот” ва дигар рисолаҳоро мебахшад.

Рисолаҳое, чун “Рисолаи молихулё”, “Қадр”, ҳамчунин бобҳои алоҳидаи “Ал-қонун-фӣ-тиб”, “Рисолаи набз”, “Ал-адвия ал-қалбия” ҷанбаҳои асосии фаъолияти рӯҳӣ-равонии инсон, масъалаҳои аниологӣ ва кардиологиро равшан менамояд. Мутафаккири бузург таъкид менамояд, ки тандурустии инсон қабл аз ҳама ба муносибатҳои хонаводагӣ марбут аст. ӯ ба ин масъала “Рисолаи тадбири манзил”-ро мебахшад.

ӯ дар ин рисола натанҳо мавзӯъҳои беҳдошти хонаводагӣ, ахлоқ ва муносибати мутақобили зану шавҳар, ҳатто масъалаҳои ба тарбияи атфол, иқтисоди хонавода иртибот доштаро, муфассал баррасӣ менамояд, ки то имрӯз аҳамияти худро ҳифз намудаанд. ӯ ба муносибатҳои маҳрамона диққати ҷиддӣ дода ва рисолаи “Муҷарработ”-ро ба масъалаҳои мазкур мебахшад.

Масъалаҳои марбути табиатшиносӣ, ҳамчунин масъалаҳои назарии дорои мушаххасоти тиббӣ – биологӣ дар “Донишнома” ва рисолаи “Ишорот ва танбеҳот” инъикос ёфтаанд, ки ба забони форсии тоҷикӣ иншо шудаанд.

  Таҳлили осори тиббии олим гувоҳи он аст, ки Абӯалӣ ибни Сино тафсиргари механикии мероси табибони қадим набуд. ӯ дар ҷустуҷӯи ҳақиқат, чун муҳаққиқи борикбин як қатор муқаррароти умумӣ ва хусусии соҳаҳои гуногуни тибби назарӣ ва амалиро пайгирона баррасӣ менамояд ва барҳақ муаллифи кашфиётҳо ва таълифот мегардад.

Муфасалтар да ҳафтаномаи «ТОҶИКИСТОН»

Саидҷон Нодирӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Муҳақиқи осори Абуалӣ ибни Сино, равоншинос

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *