Кумакпулӣ барои дафнро кӣ медиҳад?
Ба таваҷҷуҳи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мо – гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тавассути мақомоти дахлдор оид ба имтиёзи пешбининамудаи Қоидаҳои таъминоти нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2008, №392 тасдиқ шудааст, рӯшанӣ андозед.
Зеро қоидаҳои мазкур баъди фавти нафақагир пардохти кумакпулӣ барои дафнро пешбинӣ менамоянд. Аммо идораҳои шаҳру ноҳиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пардохти чунин кумакпулиро бе ягон ҳуҷҷати расман тасдиқкунанда рад мекунанд.
Гӯё роҳбарияти мақомоти мазкур бо таври шифоҳӣ супориш додаанд, ки агар оилаи нафақагири фавтида ҳамчун оилаи камбизоат ба қайд гирифта нашуда бошад, пас ба оилаи ӯ чунин дафнпулӣ дода нашавад.
Маълум, ки оилаи гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қайди оилаҳои камбизоат буда наметавонанд. Аз дигар ҷиҳат, оё роҳбарони алоҳида метавонанд қоидаи ҳуҷҷати тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаро худсарона тағйир диҳанд?
Дар ин бора вақте бо воситаи телефон аз корманди масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Қудратулло посух пурсидем, дар ҷавоб тавсия доданд, ки ба Суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кунем.
Аз номи 289 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Суғд ин муроҷиатро тариқи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мепурсем.
Исрофил БОБОМАЛИКОВ,
раиси комиссияи доимии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд оид ба ҳифзи иҷтимоии собиқадорон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ