КҲФ – Тоҷикистон: “ Безарур ба роҳҳои кӯҳӣ, чарогоҳҳои кӯҳӣ… наравед”
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинон хостааст чанд рӯзи ахир аз сафари безарур ба роҳҳои кӯҳӣ, чарогоҳҳои кӯҳӣ ва шикору моҳидорӣ худорӣ кунанд.
Ҳамчунин кумита аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки пеш аз сафар “вазъи роҳҳоро омӯзанд, мошинҳояшон пешакӣ барои сафар омода созанд, ҳамеша бо худ асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанд”.
Агентти обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳам ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 22 ва 24 декабр аз фаромадани туман, яхбандӣ резиши тарма дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ