Лоиҳаи устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Чин ҷоиза гирифт

Абдулло Мамадамон, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо лоиҳаи «Баланд бардоштани самаранокии системаҳои нақлиётӣ ва кам кардани таъсир ба муҳити зист: Таҳқиқот оид ба таҷҳизоти гидравликӣ ва ҷузъҳои автомобилӣ» дар озмуни байналмилалии «Хайҷзи» дар Чин Ҷоизаи аъло (Excellence Award) ба даст овард.

Озмун аз 23 то 26 октябр дар Парки саноатии иқтисоди рақамии шаҳри Шенян таҳти унвони «Ҷамъомади зеҳнӣ дар Ляонин ва Шенян – бунёди орзуҳо барои оянда»  баргузор шуд.

 Дар он 320 лоиҳа аз 29 давлат ширкат карданд, ки 22 даста ҳузурӣ ва 28 даста маҷозӣ баромад намуданд.

Лоиҳаи омӯзгори тоҷик барои навоварӣ ва аҳамияти амалияш дар самти нақлиёт ва муҳити зист қадр гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *