Боздошти гурӯҳи нашъаҷаллобон бо 36 кг афюн дар Душанбе

Кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллобонро, ки аз се нафар иборат мебошад, дастгир намудаанд.

Дар хабар омадааст, ки зимни кофтуков аз онҳо 36 килограмм воситаи нашъадори навъи «Афюн» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Нисбати гумонбарон бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *