Ҳунарпешаи халқии ду кишвар. Матлуба Дадабоева 70-сола шуд
Бегоҳии рӯзи 27-уми октябр дар бинои Театри калони давлатии ба номи Алишер Навоии Тошканд бахшида ба 70-солагии Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, фарзанди барӯманди деҳаи Варзики ноҳияи Чуст Матлуба Дадабоева ҷашнвораи бошукӯҳи фарҳангию ҳунарӣ баргузор шуд.
Дар он ҳамроҳ бо даҳҳо нафар дӯстдори ҳунару мусиқӣ, ки толорро пур карда буданд, беҳтарин овозхонҳо, мақомсароён, ҳунарпешагони синамо, адибону рӯзноманигорон ва низ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва сафири томулихтиёри Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ширкат варзиданд.
“Мо дар симои ин бонуи резапайкар беҳтарин устоди ҳунар ва соҳиби овози нодирро мебинем,- тайи суханронии хеш бо таъкид изҳор намуд вазири фарҳанг Озодбек Назарбеков.- Ба синни ҳафтод даромада, бо ин маҳорати воло сарояндагӣ кардан ва дар баландтарин парда тарона хондан на ба ҳар кас муяссар мегардад. Ӯ дар ҷамоаи мо на фақат ҳунарпешаи собиқадор, ҳамчунин омӯзгор ва роҳнамои беҳтарин аст. Бо вуҷуди ин инсони шариф, ки гузашта аз пешаи худ бо хоксорӣ, одоби ҳамида ва кордӯстӣ шуҳрат ёфтааст, тамоми мардуми мо – халқҳои ӯзбеку тоҷик ифтихор мекунанд. Корнамоии муаллимаи мо ва ҳаёти бошарафи ӯ барои ҳар як шогирд намунаи ибрат аст!”.
Дар оғози ҷашнвора наворҳое аз овони хурдсолӣ ва ҷавонии Матлуба Дадабоева намоиш дода шуд. Ба вижа, тамринҳои аввалини ӯ, ки дар канори модараш овозхонӣ кардааст ва дар синни понздаҳсолагӣ бо садои марғуби хеш дили ҳаммактабиёну ҳамдеҳагонашро тасхир намудааст, хеле таъсирбахш буд. Намоиши як пора асари саҳнавӣ дар иҷрои ду нафар ҳунарпеша, ки нақши модару духтарро иҷро мекарданд, ҳамчунин ҷолибу фараҳбахш баромад. Дар он Матлубаи наврас, ки дар як мусобиқаи ҳунарӣ ҷойи аввалро мегирад ва шодбод ба модараш хабар медиҳад ва алорағми ин орзуи шифокор шудани худро баён медорад, модараш мегӯяд: “Ту ки дар озмуни ҳунарӣ баранда шудӣ ва ман орзую ҳавасҳои замони ҷавониамро дар ту мебинам, чаро ба ҳамин соҳа намеравӣ?”. Ӯ ҷавоб медиҳад: “Оё ба санъаткор шудани ман падарам иҷоза медиҳанд?”. Модар мегӯяд: “Оре, иҷоза медиҳанд ва ман худам низ ҳамеша пуштибонат хоҳам буд!”.

Ҳунарманди шуҳратёр Матлуба Дадабоева, ки бештар дар сароидани оҳангҳои мумтози пешиниён, ба вижа, “Шашмақом” дасти тамом дорад, ба хурду бузурги Ӯзбекистону Тоҷикистон шинос аст. Ӯ тайи фаъолияти панҷоҳу панҷсолаи хеш ҳам дар густариш ва тарғиби сурудҳои классикиву мардумӣ ва шод, ҳамчунин дар парвариши шогирдони бисёр заҳмат кашидааст. Ӯ бо дарки мазмуну муҳтавои шеъри тоҷику ӯзбек, ба ҳар ду забон баробар оҳанг мебандад ва тарона мехонад.
Матлуба Дадабоева ба унвони як нафар устоди ҳунар ва омӯзгори дақиқкор иброз медорад: «Агар гӯем, барои омӯхтани асрори оҳангҳои клоссикӣ як умри инсон камӣ мекунад, муболиға нахоҳад буд. Бахусус, дарунмояи «Шашмақом» чун баҳри бекарон аст ва сурудани таронаҳои суннатӣ омодагиҳои ҷиддиро талаб мекунад. Камина бисёр мехоҳам, ки услуби таълиму тадриси ин ганҷинаҳои мардумӣ бо таваҷҷуҳ ба талаби замон ва дархости мухлисон сурат гирад. Агар ҳангоми офаридани оҳангу таронаҳои нав оҳангсозони мо аз унсурҳои осори халқӣ, фолкор ва этнографияи мардумӣ истифода баранд, асари онҳо табиӣ ва ҷаззоб мебарояд. Мо дар ин самт устодони зиёд дорем. Ҳамзамон эҷодиёти даҳанакии халқ, бахусус, роҳу равиши сарояндагони Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Хуҷанд, Кӯлоб чун дурдонаҳои дурахшони олами ҳунар метобанд, ки онҳоро бояд ҳифз кунем ва ба наслҳои оянда гузаронем».
Суруду оҳангҳои баргузидаи Матлубабону ифодагари розҳои дили мардуманд. Дар эҷодиёташ таронаҳое ҳастанд, ки аксари онҳо касро ба хаёлҳои дуродур мебаранд. Ҳангоми сурудхонии эшон кас ба андеша меравад, ҷавҳари сурудаҳояшро дарёфтанӣ мешавад. Интихоби ҳунармандонаи матни суруд, ҳамзамон бастани оҳанги мутобиқ ба он сарояндаро ба мақсад мерасонад. Таронаҳои «Ушшоқи Самарқанд», «Ироқи Бухоро», «Куҷо рафтӣ?», «Муҳаббат», «Интизор ҳастам», «Қашқарчаи савти ушшоқ», «Тарони ду дил», «Насри баёт», «Таронаи субҳидам», «Насри ушшоқ», «Фирӯз», «Қалби ман», «Модарам», «Ба гулзор омада», «Ӯзбекистони ман», «Наёмадӣ», «Ёрам будӣ», «Насруллоҳӣ», «Талқини уззол», «Муғулчаи Дугоҳ», «Сарахбори ороми ҷон», «Ҳусайнӣ», «Нимчӯпонӣ», «Чоргоҳ» ва ғайраро ҳаводорони санъати ӯ бо мароқ шунида, лаззати маънавӣ мебаранд. Барои худи ӯ низ ҳар як асараш азизу мукаррам аст. Дар ҳақиқат, танҳо ҳунарманди асил медонад, ки барои офаридани як асар чӣ қадр заҳмат бояд кашид: мутолиаи ҳамешагии ашъори шуаро, дар ҳоли муқоиса омӯхтани оҳангҳои мухталиф, дарки созу асбоби мусиқӣ, бо сабру тоқат сипарӣ кардани шабҳои бехобӣ…
Матлубабону маҳз ба туфайли ин гуна кӯшишҳо ба марраи мурод расид, ба дили мардум роҳ ёфт. Ӯ бо садои маҳину дилрабои худ қалби муштоқони бешумори шеъру сурудро тасхир кард. Ин устодкории Матлуба аст, ки марзи ҳунарнамоии ӯ то гӯшаҳои дурдаст густариш ёфт. Чандин бор ба кишварҳои хориҷа, мисли Эрон, Ҳиндустон, Алҷазоир, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Фаронса, Белжик, Испониё, Шветсия, Швейтсария сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод. Билхосса, ҷонибдории мардуми Урупо аз сарояндагони чирадасти Машриқзамин, ба монанди Матлубабону, шигифтангез аст. Он мардуми мусиқипарвару таронадӯст ба маротиб аз чашмаи ҳунари ҳунарпешаи мумтоз об хӯрдаву ташнагии илҳом ва фароғат шикастаанд. Ҳунарпешаи мумтоз соли 2009 бо ҳунари волои хеш дар Ҷашнвораи байналмилалии “Таронаҳои Самарқанд” низ фаъолона ширкат варзида, ҷойи аввалро соҳиб шуда буд.
Матлуба Дадабоева дар тӯли фаъолияти кории худ ҳамчун овозхони дастаи ҳунарии мақомхонони ба номи Юнус Раҷабии Ширкати радио ва телевизиони Ӯзбекистон ва устоди ҳунар дар Донишгоҳи давлатии мусиқии ба номи Юнус Раҷабӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид ва садҳо нафар шогирдро тарбият дод. Дар ҷашнвораи ҳафтодсолагиаш низ бо маҳорат баромад кардани чандин овозхони шогирдаш аз ин маънӣ гувоҳӣ медиҳад.
Бо ишора ба овози марғуби ӯ сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода тайи сухани табрикиаш изҳор медошт: “Ҳунарпешаи халқии ду ҷумҳурӣ Матлубаапа барои ду халқи бародар – тоҷикону ӯзбекон баробар хидмат мекунад, овоз мехонад ва ҳар ду халқ садои ширадору маҳину дилкашу болатофату зарифи ин олиҳаи ҳунарро дӯст медоранд. Бо сухани шоир гуфтанием:
Ҷамолат офтоби ҳар назар бод,
Зи хубӣ рӯйи хубат хубтар бод!”.
Бошад, ки Матлубабонуи арҷманд дар ҷодаи пурифтихори ҳунар сарбаланду накӯном бошаду Худованд барояш умри баланд диҳад ва ҷамоли нурониаш дурахшон бимонад!
Юнуси ИМОМНАЗАР,
шаҳри Тошканд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ