Маҳорати суханварии донишҷӯи ДМТ (Видео)

Сарвиноз донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва яке аз иштирокчиёни фаъоли озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Айни ҳол ӯ 170 ғазал, 250 рубоӣ ва 100 асари бадеиро аз бар намудааст.

Бори дуюм аст, ки Сарвиноз дар ин озмун иштирок мекунад. Ӯ аз ҳамаи нозукиҳои озмун бархурдор буда, имрӯз бо суханварӣ ва аз бар намудани мероси адибони классики тоҷик ҳайати ҳакамонро ба ҳайрат овард.

Сарвиноз мегӯяд, ки ҷой гирифтан барояш он қадар муҳим аст. Муҳим он, ки дониш андӯхт ва ганҷ ба даст овард.

Имрӯз, 10-уми апрел дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали умумидонишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода баргузор гардид. Дар ин озмун 140 нафар иштирокчиён аз ҳамаи факултетҳо ва литсейи донишгоҳ ширкат варзиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *