Маҳмадсаид Саидзода муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат доир гардид.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, Саидзода Маҳмадсаид Борон, ки то ин вақт дар вазифаи сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ кор мекард, муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.

Қаблан дар ин мансаб генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода кор мекард, ки аввали соли равон сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин шуд.

Саидзода Маҳмадсаид Борон аз моҳи марти соли 1991 ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ шурӯъ намуда, дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла ба ҳайси сардори ШБДА РКД, сардори муассисаи нақлиётии РКД дар вилояти Хатлон, сардори Шӯъбаи бақайдгирӣ — имтиҳонотии Раёсати БДА ВКД ва сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *