Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Пешвои миллатро дар самти зеҳни сунъӣ якдилона қабул кард
Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод», ки аз соли 2027 ҳамасола 31 август таҷлил хоҳад шуд, саҳифаи наверо дар таърихи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз мекунад.
Ин рӯйдоди муҳим бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба обу иқлим, балки дар ташаккули рӯзномаи технологии ҷаҳонӣ низ ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф мавқеи устувор пайдо кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалин кишварҳоест, ки ҳуҷҷати мукаммали сиёсиву стратегӣ дар самти рушди ин соҳа «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040»-ро қабул намудааст. Стратегияи мазкур бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар саноатикунонии босуръат таҳия гардида, заминаи муҳими иқдомҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти рушди технологияҳои муосир ба ҳисоб меравад.
Дар доираи сиёсати давлатӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар дохили кишвар низ тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва ҳамоҳангсозии ин раванд нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон, солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд. Ин иқдом ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ ва фароҳамсозии заминаҳои мусоид барои рушди иқтисоди рақамӣ такони тоза мебахшад.
Дар ин замина аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ҷиҳати роҳандозии гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, таъмини ҳамгироии низомҳои рақамӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ низ барномаҳои муҳим роҳандозӣ мешаванд. Мувофиқи нақшаҳо, дар минтақаҳои гуногуни кишвар шабакаҳои алоқаи мобилӣ ба стандартҳои баландсуръати 4G ва 5G гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, тибқи нақшаҳои стратегӣ, сатҳи дастрасии аҳолӣ ба интернети собит дар се соли наздик бояд ба 80 фоиз расонида шавад.
Қадами муҳими дигар дар ин самт таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони Маркази миллии компютерӣ дар заминаи зеҳни сунъӣ мебошад. Тоҷикистон дар ин масъала бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамкорӣ дорад.
Дар баробари рушди инфрасохтор, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи асри технологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 низ ба омода намудани насли нави барномасозон, муҳандисон ва мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ равона шудааст.
Бо ташаббуси Пешвои миллат дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» номинатсияи махсуси «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова гардид. Ин иқдом барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод танҳо як дастоварди дипломатӣ ё сиёсӣ нест. Он натиҷаи сиёсати пайгирона, стратегияҳои миллӣ, ислоҳоти дохилӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти истифодаи масъулона ва бехатари технологияҳои муосир мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон бо пешниҳоди чунин иқдомҳои созанда нишон медиҳад, ки барои ворид шудан ба марҳилаи нави рушди технологӣ омодагии ҷиддӣ дорад. Ташаббуси навбатии байналмилалии кишвар дар соҳаи зеҳни сунъӣ метавонад барои ташаккули муҳити ҷаҳонии бехатар, боэътимод ва фарогири истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ саҳми назаррас гузорад.
Ин ташаббус бозгӯи равшани он аст, ки Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои муҳими глобалии обу иқлим, ба рӯзномаи технологии ҷаҳонӣ низ бо диди стратегӣ ва иқдомҳои созанда ворид мегардад.
Асадуллозода Парвиз Абдулмаҷид,
сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ