Солимии кӯдак – сармояи фардои миллат
Сию панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи тандурустии мамлакат марҳилаи муҳими рушду навсозӣ ва бунёдкорӣ гардид. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои кишвар садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёду таҷдид ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ беҳтар шуд. Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона» яке аз намунаҳои равшани ҳамин дигаргуниҳои замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
АЗ ТАЪРИХИ МУАССИСА
Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона ҳамчун муассисаи тандурустӣ аз соли 1963 фаъолият дорад. Аммо таърихи бинои қаблии он ба солҳои пештар мерасад. Солҳои 1939-1941 дар ин ҷо боғчаи кӯдакон ва мактаби миёна ҷойгир буд. Дар солҳои 1941-1945 бино ба госпитали эвакуатсионии ақибгоҳи ҷангӣ табдил дода шуда, сарбозони маҷруҳи миллатҳои гуногун дар он табобат мегирифтанд. Баъди анҷоми ҷанг бино дубора ҳамчун муассисаи таълимӣ истифода шуд ва аз соли 1963 фаъолияти беморхонаи сироятии кӯдакона оғоз гардид.
Бо гузашти солҳо зарурати таъсиси муассисаи ҷавобгӯ ба талаботи муосир бештар эҳсос мешуд. Ин ҳадаф маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид.


БИНОИ НАВ – МАРҲИЛАИ НАВИ ФАЪОЛИЯТ
1-уми сентябри соли 2019 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин рӯйдод барои кормандони муассиса ва умуман соҳаи тандурустии кӯдакона аҳаммияти хоса дошт. Бунёди беморхонаи муосир идомаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон мебошад.
Беморхона аз шаш ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кати беморӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои гуногун шуъбаи наҷот, шуъбаи бемориҳои қатрагӣ, бемориҳои сироятии муолиҷавӣ, шуъбаҳои махсуси бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ ҷойгир шудаанд. Муассиса ҳамчунин дорои озмоишгоҳҳои клиникию биокимиёвӣ ва бактериологӣ, ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадо ва рентгенӣ мебошад. Ҳамасола дар беморхона зиёда аз 4 ҳазор кӯдак аз Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ табобат мегиранд.
Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона муассисаи махсусгардонидашудаи ин самт мебошад.
Дар муассиса зиёда аз 270 корманд фаъолият доранд. Дар миёни онҳо табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони хурди тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагӣ ҳастанд. Қисми зиёди мутахассисони беморхона дорои дараҷаҳои тахассусӣ мебошанд. Аз ҷумла, табибон ва ҳамшираҳои шафқати дорои дараҷаи олӣ, якум ва дуюм дар шуъбаҳои гуногун фаъолият мекунанд.
Дастгирии мутахассисон ва қадршиносии заҳмати онҳо низ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Як қатор кормандони беморхона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф» дараҷаи II, медали «Шафқат» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидаанд.
ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР – ИМКОНИ ТАБОБАТИ БОСИФАТ
Дар замони соҳибистиқлолӣ муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тандурустӣ бо технологияи муосир яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардид.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе беморхона бо таҷҳизоти нави тиббӣ таъмин шудааст.
Имрӯз мутахассисон аз рентгени рақамӣ, дастгоҳи сайёри рентгенӣ, дастгоҳҳои ултрасадои сайёр, автоклавҳо, таҷҳизоти истеҳсоли оксиген, оксигенераторҳо ва мониторҳои наздикатӣ истифода мебаранд.
Мавҷудияти чунин таҷҳизот имкон медиҳад, ки ҳолати бемор сари вақт ташхис шуда, ҷараёни табобат пайваста зери назорати мутахассисон қарор гирад. Ин масъала махсусан барои кӯдакони гирифтори бемориҳои вазнини сироятӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳамчунин, беморхона дорои бунгоҳи барқӣ бо ду трансформатор, иншооти безараргардонӣ, ошхона, анбор ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.
ПОЙГОҲИ ИЛМ ВА ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОН
Муассиса дар баробари фаъолияти табобатӣ ба яке аз пойгоҳҳои муҳими таълимию илмии самти бемориҳои сироятии кӯдакона табдил ёфтааст.
Дар заминаи беморхона кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кафедраи бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд. Дар ин ҷо донишҷӯёну мутахассисони ҷавон донишҳои назариявии худро дар шароити клиникӣ такмил медиҳанд.
Фаъолияти илмии табибон низ назаррас аст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2026 дар ҳамкорӣ бо кормандони кафедраҳо 35 кори илмию таълимӣ омода гардидааст. Аз ҷумла, 12 мақола, 16 фишурда, 4 дастури таълимӣ, 2 дастурамали таълимию методӣ ва як китоби дарсӣ бо забони англисӣ таҳия шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаҳои илмии шомили КОА, РИНЦ ва SCOPUS низ нашр шудаанд.
Ин нишон медиҳад, ки беморхона танҳо макони табобати кӯдакон нест, балки маркази омӯзиш, таҳқиқ ва омодасозии кадрҳои соҳаи тиб низ мебошад.
Ҳарчанд муассиса беморхонаи шаҳрӣ ба ҳисоб меравад, фаъолияти мутахассисони он танҳо бо Душанбе маҳдуд намешавад.
Табибони соҳибтаҷриба тибқи нақшаи авиатсияи тиббию санитарӣ ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар намуда, ба беморон ёрии табобатию машваратӣ мерасонанд.
Мутахассисони беморхона дар самти пешгирии бемориҳо низ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд. Онҳо тавассути телевизиону радио доир ба пешгирии сироятҳои шадиди роҳи нафас, гепатитҳои вирусӣ, бемориҳои паразитӣ ва дигар бемориҳои мавсимӣ ба аҳолӣ тавсияҳои тиббӣ пешниҳод менамоянд.
БЕМОРХОНАИ СОЛ
Натиҷаи заҳмати кормандон дар сатҳи шаҳр низ қадр шудааст. Муассиса дар озмуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба унвони «Беморхонаи сол-2023» сазовор гардид. Ин дастовард натиҷаи меҳнати дастаҷамъона, масъулиятшиносии кормандон ва фароҳам шудани шароити мусоиди кор дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад.
Дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор метавон гуфт, ки соҳаи тандурустӣ дар ин давра роҳи бузурги рушдро тай кардааст.
Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона» аз муассисаи дорои имкониятҳои маҳдуд ба маркази муосири махсусгардонидашудаи дорои 200 кат, таҷҳизоти нави ташхисию табобатӣ, пойгоҳи илмӣ ва мутахассисони баландихтисос табдил ёфтааст.

Кӯдакон ояндаи миллатанд. Ҳар кӯдаке, ки баъди муолиҷаи босифат солим ба оғӯши хонавода бармегардад, як умеди фардо ва як нерӯи созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Аз ин рӯ, ҳифзи саломатии кӯдакон барои мо на танҳо вазифаи касбӣ, балки рисолати бузурги инсонӣ ва ватандорист.
Мунира КАРИМЗОДА,
директори Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона»,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ