Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи тантанавии бозиҳои 6-уми ҷаҳонии кӯчманчиён дар Бишкек
31 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар маросими ифтитоҳи тантанавии бозиҳои 6-уми ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, бозиҳои кӯчманчиён дар варзишгоҳи Бишкек Аренаи Қирғизистон аз 31 август то 6 сентябр идома меёбад.
Он ба рӯзи истиқлоли ин кишвар ва ҳамоиши ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост омадааст.
«Ба иштирокдорони чорабинӣ намоиши театрикунонидашудаи инъикосгари таъриху анъанаҳои ин бозӣ пешкаш карда шуд»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.


Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ин зимн дидору суҳбатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор давлатҳои аъзои СҲШ ва дигар сарони ҳукуматҳо, аз ҷумла бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф доир шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ