Паёми табрикии Рустами Эмомалӣ ба роҳбари Сенати Ӯзбекистон

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Раиси Сенати Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева ба муносибати Рӯзи истиқлолияти ин кишвар паёми табрикӣ ирсол намуд.

Рустами Эмомалӣ дар паёми худ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо Ӯзбекистон аҳамияти хос медиҳад.

Ӯ изҳори итминон кардааст, ки рушди пайвастаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни мақомоти қонунгузории ду кишвар ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи стратегӣ ва ҳампаймонӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар фарҷоми паём Рустами Эмомалӣ ба Танзила Нарбаева саломатии қавӣ, некӯаҳволӣ ва муваффақият дар фаъолияти давлатӣ, инчунин ба мардуми Ӯзбекистон сулҳ, шукуфоӣ ва комёбиҳои нав орзу кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *