Шогирди устодони бузург, устоди насли нав (видео)
1 сентябр зодрӯзи сарояндаи маъруф, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Асадулло Атоуллоев аст. Соли 2026 ӯ 70-сола мешавад.
Асадулло Атоуллоев аз овони мактабхонӣ ба санъат дил баст. Ӯ дар мактаби №1-и ноҳияи Ургути Узбекистон таҳсил карда, аз устод Собирҷон Исмоилов нозукиҳои навозандагӣ, талаффузи дурусти калима ва фарҳанги саҳнаро омӯхтааст.
Соли 1973, баъди хатми мактаб, ба Душанбе омада, ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дохил шуд.
Дар давраи таҳсил аз ҳунармандони номдори тоҷик – Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Маҳмудҷон Воҳидов, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷӯраев ва Одина Ҳошим сабақ гирифт.
Ҳамин муҳити пурғановати ҳунарӣ дар ташаккули сабки овозхонии ӯ, махсусан таваҷҷуҳ ба мусиқии классикӣ, мардумӣ ва мақомхонӣ, нақши муҳим гузошт.
Дар солҳои 1970 Асадулло Атоуллоев ба ҳайати ҳунармандони ҷавоне пайваст, ки анъанаҳои мақомхонии назди Радио ва телевизиони Тоҷикистонро идома медоданд. Ӯ аз ҷумлаи сарояндагоне маҳсуб мешавад, ки дар ҳифз ва рушди «Шашмақом» ва анъанаҳои мақомхонии тоҷик саҳм гузоштаанд.
Соли 1990 Асадулло Атоуллоев ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардид.
Беш аз ним аср аст, ки садои Асадулло Атоуллоев бо шеъри классикӣ, мусиқии мардумӣ ва суннатҳои мақомхонии тоҷик пайванд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ