Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Серҷио Гор ва Стив Дейн дар Бишкек
31 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳон, узви Кумитаи Сенат доир ба масоили захираҳои энергетикӣ ва табиӣ Стив Дейн мулоқот намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар вохӯрӣ мавзуҳои мубрами ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки “Тоҷикистон нақши механизми “С5+1”-ро ҳамчун платформаи муҳими муколама ва ҳамкории минтақавӣ баланд арзёбӣ менамояд”.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла эҷоди фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика, саноат ва маъданҳои нодиру муҳим, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор доштанд.
Масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Ҳамчунин, табодули афкор доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ