ХУСДЕҲ. Сафаре, ки роҳи ҷангро баст (идомаи мақола)
Порча аз китоби Шариф ҲАМДАМПУР «ПРЕЗИДЕНТ. АЗ ХУСДЕҲ ТО СИНГАПУР»
Баъд назди миз баргашт ва ба Абдуллоҳи Нурӣ нигариста, пурсид:
– Домулло… Боз чӣ пешниҳод доред?
Абдуллоҳи Нурӣ ба сухан даромад. Як пешниҳод, баъд пешниҳоди дигар, боз пешниҳод. Баъзеашонро бо далел шарҳ медод. Баъзеи дигарро танҳо ҳамчун хоҳиши ҷониби худ баён менамуд.
Президент то охир сухани ӯро гӯш кард. Боре ҳам набурид. Вориди баҳс ҳам нашуд. Танҳо гоҳ-гоҳ ёддоште рӯи варақ сабт мекард.
Вақте Абдуллоҳи Нурӣ суханашро ба анҷом расонд, дар утоқ хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Президент бе саросемагӣ варақҳоро бори дигар аз назар гузаронд. Гӯё ҳар пешниҳодро дар тарозуи мантиқ бар мекашид. Сипас сар боло кард. Дар чеҳрааш нишонаи пирӯзиву мағлубият дида намешуд. Бо оромии ҳамешагӣ гуфт:
– Пешниҳодҳоятонро шунидам. Бисёре аз онҳо қобили қабуланд.
Ӯ ба варақҳои рӯи миз ишора намуда, гуфт:
– Биёед, инҳоро ҳамчун асос қабул кунем. Ҳайатҳо такмил медиҳанд.
Абдуллоҳи Нурӣ лаҳзае ба Президент нигарист.
Гӯё мунтазири баҳси дигар буд. Аммо ин дафъа баҳсе сар назад. Зеро тарафҳо дарк карданд, ки суханони лозимӣ гуфтаву, шунида шуданд.
Вақте дари утоқи музокирот боз шуд, дар толор хомӯшӣ ҳукмфармо гашт. Ҳама аз ҷой хестанд. Нигоҳҳо ба Президент ва Абдуллоҳи Нурӣ дӯхта шуданд. Ҳар кас мехост аз чеҳраҳои онҳо бифаҳмад, ки пушти дари баста ба чӣ қарор омаданд.
Президент ба назди миз қадам зад. Лаҳзае ба ҳозирон нигариста ором, вале бо итминон гуфт:
– Мо ба хулосаи мушаххас расидем. Акнун ҳуҷҷатҳоро омода кунед!
Ҳамагӣ як ҷумла буд. Аммо барои онҳое, ки соатҳо чашми интизори натиҷаи мулоқот буданд, ин ҷумла аз даҳҳо суханрониҳои умумӣ арзишмандтар буд. Он маънии дар роҳи сулҳ қадами устувор гузошта шуданро дошт.
Он шаб дар қароргоҳ касе то дергоҳ мижа таҳ накард.
Дар ҳуҷраҳои корӣ чароғҳо то субҳ фурӯзон монданд. Гурӯҳҳои кории ҳар ду ҷониб, дар ҳузури намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, ҳар банди санадҳоро бодиққат баррасӣ менамуд. Ҳар ҷумла чандин бор хонда, ҳар калима бо эҳтиёт интихоб мешуд.
Онҳо медонистанд, ки баъзан сарнавишти сулҳ аз як ибора ё ҳатто аз як калима вобаста аст.
Се санади сарнавиштсоз
То субҳ матни санадҳои муҳим омода гардид. Аз ҷумла, протоколҳо оид ба минтақаҳои доғ, натиҷаҳои мулоқоти Хусдеҳ ва лоиҳаи қарор дар бораи идомаи музокироти байни тоҷикон дар Маскав, ки баргузории он ба 19 декабри соли 1996 пешбинӣ шуда буд.
Шоми Хусдеҳ бо имзои ҳуҷҷатҳо ба поён нарасид. Он шаб пояҳои эътимоде гузошта шуданд, ки баъдтар ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ роҳ кушод.
Дар Протокол оид ба минтақаҳои доғ ҷонибҳо на танҳо дар бораи сулҳ сухан гуфтанд, балки тартиби пешгирии бархӯрдҳои мусаллаҳонаро низ муайян карданд. Тибқи созиш, қаламрави ҷанубии ағбаи Каранак таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон мемонд, қисми шимолӣ дар самти Тавилдара бошад, таҳти назорати неруҳои мухолифин қарор мегирифт. Ин танҳо тақсими минтақаҳои назорат набуд. Он аввалин иқдоми мушаххас барои коҳиш додани эҳтимоли даргириҳои нав ва эҷоди фазои эътимод миёни тарафҳо ба ҳисоб мерафт.
СУРАТИ ПРОТОКОЛҲОИ СУЛҲ
Созишномаи дигар низ аҳаммияти камтар надошт. Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки намояндагони мухолифин метавонанд бидуни силоҳ ва либоси низомӣ ба маҳалҳои зисти худ рафта, бо аҳолӣ мулоқот намоянд. Дар иваз, мухолифин уҳдадор шуданд, ки ба фаъолияти мақомоти давлатӣ халал нарасонанд. Ин созиш аввалин қадами амалӣ ба сӯи гузаштан аз муқовимати мусаллаҳона ба рақобати сиёсӣ буд.
Маҳз дар ҳамин ҷо барои нахустин бор шакл, ҳайат ва салоҳияти Комиссияи оштии миллӣ муайян гардид. Қарор шуд, ки ба ҳайати он намояндагони ҳар ду ҷониб бо шумораи баробар 13 – нафарӣ дохил шаванд ва қарорҳои он танҳо баъд аз тасдики Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳуқуқӣ пайдо кунанд.
Дар он шаб шояд касе ҳанӯз тасаввур намекард, ки маҳз ҳамин ниҳод баъдтар ба яке аз сутунҳои асосии татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ табдил хоҳад ёфт.
Тухми он дар Хусдеҳ кошта шуд.
Шоми 11 ноябр таҳияи ниҳоии санадҳо анҷом ёфт.
Вақте санадҳо ба имзо расиданд, дар толор сукуте ҳукмфармо шуд. Гӯё ҳар кас эҳсос мекард шоҳиди рӯйдоде шудааст, ки аҳаммияти воқеии онро танҳо солҳо баъд таърих муайян хоҳад намуд.
Ин дам Бурҳониддин Раббонӣ аз ҷой боло гашт. Дар овозаш на танҳо эҳсоси як мизбон, балки таҷрибаи талхи роҳбаре шунида мешуд, ки кишвараш дар гирдоби ҷанг ғӯта хӯрдааст.
Ӯ оромона гуфт:
– Дар Ватани шумо бӯи сулҳ эҳсос мешавад. Кӯшиш кунед, ки ин имкониятро аз даст надиҳед. Мо дар Афғонистон чунин фурсатро аз даст додем. Шумо онро ҳифз кунед.
Ин суханон аз забони роҳбари кишваре берун меомад, ки қариб сӣ сол дар оташи ҷанг месӯхт. Онҳо ҳушдори таърих буданд.
Бозгашт
Шоми он рӯз Президент ба Душанбе баргашт. Роҳи бозгашт дигар он изтиробу нооромии роҳи рафтанро надошт. Гӯё кӯҳҳои миёни Хусдеҳу Душанбе низ сабуктар нафас мекашиданд. Аммо оромии роҳ ҳанӯз маънои анҷоми роҳи сулҳро надошт.
Дар деҳаи Хусдеҳ умеде ба вуҷуд омада, эътимоде эҳё гардида ва қадами сарнавиштсоз ба сӯи сулҳ гузошта шуда буд. Акнун ҳамаи он бояд дар Душанбе ба воқеият табдил меёфт.
Президент хуб дарк мекард, ки мулоқоти Хусдеҳ танхо дар сурате арзиш хоҳад дошт, ки қарорҳои он ба амал татбиқ шаванд. Пешорӯи ӯ марҳилаи аз ин ҳам душвортар меистод: бовар кунонидани атрофиён, омода сохтани сохторҳои давлатӣ ва фароҳам овардани замина барои идомаи музокироте, ки метавонист ҷанги шаҳрвандиро ба поён расонад.
Даме ки чархбол дар фурудгоҳи Душанбе ба замин нишаст, ҳамсафарон пас аз хайрухуш, ҳар кадом роҳи хонаҳояшонро пеш гирифтанд. Аммо барои Президент рӯзи корӣ ҳанӯз ба анҷом нарасида буд. Ӯро дафтари кор ва қарорҳое интизор буданд, ки метавонистанд ба асноди Хусдеҳ равони тоза бахшанд.
Он шаб дар утоқҳои кории Президент чароғҳо то саҳар фурӯзон монданд. Гурӯҳи ҳуқуқшиносон ва ҳайати музокирот матни фармонеро омода мекарданд, ки бояд созишҳои дар Хусдеҳ бадастомадаро расман тасдиқ менамуд. Ҳар ҷумла бо эҳтиёт баррасӣ мешуд, зеро акнун ҳар калима метавонист ба тақдири сулҳ таъсир расонад.
Пас аз мутолиаи матн Президент фармонро ба имзо расонд.
Бо ҳамин, мувофиқаҳое, ки чанд соат пеш танҳо дар мизи музокирот вуҷуд доштанд, неруи ҳуқуқӣ пайдо карданд. Созишномаҳои Хусдеҳ ба иқдоми амалӣ табдил ёфтанд.
Таърихи 11 ноябри соли 1996, соати 23:30 фармон аз тариқи телевизиони давлатӣ қироат ва ба мардум расонида шуд. Миллионҳо нафар онро мешуниданд. Барои бисёриҳо ин танҳо хабари расмӣ набуд. Паёме буд, ки созишномаҳои Хусдеҳ аз доираи музокирот берун омада, ба ҳаёти воқеии кишвар роҳ меёфтанд.
Тибқи фармон аз соати дувоздаҳи шаб дар тамоми қаламрави Тоҷикистон оташбас эълон гардид.
Президент ҳамзамон медонист, ки сулҳ бе эътимод ба вуҷуд намеояд. Агар ҷонибҳо ба ҳамдигар бовар накунанд, ҳеҷ созишнома боиси қатъ гаштани ҷанг шуда наметавонад.
Мухолифат танҳо бо мухолифин набуд
Субҳи 12 ноябри соли 1996 Душанбе бори аввал бе садои тир аз хоб бедор шуд. Аммо дар толори маҷлисгоҳи Шурои Олӣ фазои дигар хукмфармо буд.
Ҷаласа пуршиддат ҷараён дошт. Фармондеҳони неруҳои мардумӣ яке паси дигар сухан гирифта, нигаронии худро баён мекарданд.
– Мо иҷозат дода наметавонем, ки неруҳои мухолифин бо силоҳ ба Тоҷикистон баргарданд, – бо қатъият мегуфт яке аз онҳо.
– Аввал бояд силоҳро супоранд, баъд ба Ватан ворид шаванд. Агар имрӯз бо силоҳ баргарданд, кӣ кафолат медиҳад, ки пагоҳ ҷанг аз нав оғоз намешавад?
Ҷонибдорони ин андеша дар толор кам набуданд. Ба назари онҳо сулҳ бе халъи силоҳ хатари оғози ҷанги навро пеш меовард.
Дар толор ду андеша ба ҳам рӯ ба рӯ омада буданд: яке сулҳро танҳо баъд аз супоридани силоҳ имконпазир медонист, дигаре чунини мешуморид, ки маҳз эътимод метавонад силоҳро хомӯш кунад.
Нигоҳҳо ба сӯи Президент равона шуданд. Ӯ оҳиста аз ҷой бархост.
Ба ҳозирон як-як нигарист. Дар нигоҳаш на асабоният буд ва на дудилагӣ. Танҳо ҳисси масъулият. Бо овози ором, вале қатъӣ гуфт:
– Ман ҳамаи нигарониҳои шуморо мефаҳмам. Чунин тасмим осон набуд.
Лаҳзае сукут варзид. Сипас идома дод:
– Вале сулҳ бе эътимод пойдор нест. Агар имрӯз ба ҳамдигар бовар накунем, пас барои чӣ ҳамаи ин музокиротро анҷом додем?
Толор хомӯшӣ фаро гирифт.
Президент бори дигар ба чеҳраҳои ҳозирин назар афканд. Сипас ором, вале бо қатъияти хос гуфт:
– Ман ин қарорро аллакай ба имзо расонидам. Ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро бар дӯши худ мегирам.
Ин чанд ҷумла ба баҳси тулонӣ нуқта гузошт.
Дар толор дигар касе сухан нагуфт. Эътирозе ҳам садо надод. Ҳама дарк карданд, ки дар таърихи давлатҳо лаҳзаҳое фаро мерасанд, ки роҳбар наметавонад масъулиятро бар дӯши дигарон гузорад. Ӯ бояд худ қарор қабул кунад ва худ ҷавобгӯи паёмадҳои он бошад.
Ҳамин тавр, қароре, ки дар Хусдеҳ тартиб дода шуда буд, дар Душанбе қувваи сиёсӣ гирифт. Аз ҳамин рӯз роҳи бозгашти неруҳои мухолифин ба Ватан расман боз ва раванди сулҳи тоҷикон ба марҳилаи нав ворид гардид.
Хусдеҳ анҷоми воқеии роҳи сулҳ буд, вале анҷоми расмии он бояд дар Маскав сурат мегирифт. Дар музокироти қабл роҳи сулҳро меҷустанд, Хусдеҳ ба он роҳ самт бахшид. Барои раванди сулҳи Тоҷикистон ин мулоқот ҳамон нақшеро бозид, ки Кэмп-Дэвид барои наздик шудани Мисру Исроил ва Дейтон барои поён ёфтани ҷанги Босния бозида буданд.
Президент таҳкурсии сулҳеро гузошт, ки баъдтар онро Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз нодиртарин таҷрибаҳои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷаҳон эътироф намуд.
19 декабри соли 1996 музокироти ниҳоӣ бояд дар Маскав баргузор мегашт. Роҳ ба сӯи Маскав низ ноҳамвор буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ