53 соли умр ва беш аз се даҳсолаи хизмат ба Ватан (видео)

31 августи соли равон 53 – юмин солгарди зодрӯзи генерал – майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад аст. Ӯ 31 августи соли 1973 таваллуд шудааст.

Роҳи фаъолияти Зафар Самад тайи солҳои зиёд бо хизмати ҳарбӣ, фаъолияти давлатӣ ва таъмини амнияти кишвар пайванд дорад. Ӯ дар сохторҳои гуногуни қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолият намудааст.



Ҳар як марҳилаи фаъолияти ӯ бо иҷрои вазифаҳои масъулиятнок ва андӯхтани таҷрибаи чандинсолаи хизматӣ алоқаманд аст.

Дар идомаи фаъолияти касбӣ Зафар Самад ба самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар гузашт. 27 январи соли 2024 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ ба вазифаи директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Имрӯз Зафар Самад роҳбарии ин ниҳоди муҳими давлатиро ба уҳда дошта, фаъолияти онро дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар пеш мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *