Майсара Дилдорова – садои нотакрори Бадахшон (видео)

Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова зодрӯз дорад. Номбурда  2 –юми августи соли 1944 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст.

 Ӯ фаъолияти ҳунариашро ҳанӯз соли 1955 дар дастаи ҳаваскорони мактаб оғоз карда, аз соли 1960 дар Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров ҳамчун сароянда ва ҳунарпеша фаъолият намудааст.

https://youtube.com/shorts/kguvE0zKUSM?feature=share

Майсара Дилдорова бо иҷрои сурудҳои лирикӣ ва таронаҳои халқҳои гуногун шуҳрат пайдо кард.

«Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст», «Хоруғи зебо» ва «Моҳи Шуғнон» аз сурудҳои маъруфи ӯ ҳастанд.

Ӯ дар саҳнаи театр низ нақшҳои хотирмон офарида, соли 1985 сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардид. Ҳунари ӯ дар таърихи фарҳанги тоҷик ҷойгоҳи арзанда ва мондагор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *