Шамолкашӣ ва дарди гулӯ дар тобистон. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти ҳавосардкунакҳо (кондитсионерҳо), нӯшидани обу нӯшокиҳои аз ҳад зиёд хунук ва тағйирёбии ногаҳонии ҳарорат мебошад.

Вақте инсон аз гармии шадид ба утоқи хеле сард медарояд ё пайиҳам оби яхнӯш менӯшад, луобпардаи гулӯ осебпазир мегардад. Дар чунин ҳолат қобилияти муҳофизатии организм коҳиш ёфта, микробҳо ва вирусҳо осонтар фаъол мешаванд. Дар натиҷа гулӯ дард карда, фурӯ бурдани ғизо душвор мегардад, ҳарорати бадан баланд мешавад ва шахс худро бемадор эҳсос мекунад.

Тонзиллит дар назари аввал бемории оддӣ менамояд, вале беэътиноӣ ба он метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Агар сироят сари вақт табобат нашавад, он метавонад ба дигар узвҳои бадан низ таъсир расонад. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки дар баъзе мавридҳо тонзиллити табобатнашуда боиси илтиҳоби мушакҳои дил (миокардит), осеби гурдаҳо (гломерулонефрит) ва бемориҳои буғумҳо мегардад.

Аз ҳамин сабаб, бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини дарди гулӯ худтабобаткуниро оғоз накунед. Истеъмоли худсаронаи антибиотик ё дигар доруҳо на танҳо фоида намеорад, балки метавонад ташхис ва табобати дурустро мушкил созад. Танҳо духтур метавонад сабаби бемориро муайян карда, табобати мувофиқро таъин намояд.

Ҳангоми беморӣ инчунин бояд аз хӯрдани ғизоҳои бисёр гарм, бисёр хунук, тунд ва дигар маҳсулоте, ки луобпардаи илтиҳобшудаи гулӯро озурда месозанд, худдорӣ кард. Нӯшидани моеъҳои гарм, истироҳати кофӣ ва риояи тавсияҳои духтур ба зудтар шифо ёфтан мусоидат мекунанд.

Барои пешгирии шамолкашӣ дар фасли тобистон ҳарорати кондитсионерро хеле паст нагузоред, аз истодани тӯлонӣ дар зери ҷараёни ҳавои сард худдорӣ намоед ва баъди аз офтоби сӯзон ворид шудан фавран оби яхнӯш нанӯшед. Риояи ҳамин қоидаҳои одӣ метавонад шуморо аз бемориҳое ҳифз кунад, ки бисёриҳо онҳоро танҳо ба фасли зимистон мансуб медонанд.

Тобистон фасли истироҳат аст, аммо нигоҳубини саломатӣ дар ин фасл низ бояд дар мадди аввал бошад. Бо эҳтиёткорӣ нисбат ба тағйирёбии ҳарорат ва муроҷиати саривақтӣ ба духтур метавон аз пайдоиши оризаҳои ҷиддӣ пешгирӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *