Алимуҳаммад Муродӣ – шоири андеша ва муҳаббат

Имрӯз Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ зодрӯз дорад. Номбурда 3 августи соли 1945 дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст.

Ӯ факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, ҳамчун омӯзгор, рӯзноманигор ва муҳаррир фаъолият намудааст.

 «Дастниҳол», «Нози Наврӯз», «Роҳи рӯҳ», «Чароғи рӯзадор», «Хайрбоди баҳор» ва «Моҳи хусрав» аз маҷмуаҳои маъруфи ӯ ҳастанд.

 Ашъори шоир мавзуъҳои Ватан, муҳаббат, инсон, зиндагӣ ва худшиносии миллиро фаро мегирад. Шеърҳои ӯ бо тасвирҳои тоза, андешаи амиқ ва забони равон фарқ мекунанд.

Алимуҳаммад Муродӣ барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода буда, соли 2020 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *