Ғарқу фавти 14 нафар дар Хатлон

Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 14 ҳолати ғарқшавии сокинон сабт шудааст. Дар ин бора имрӯз, 3 август зимни нишасти матбуотии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.

Саидаҳмад Саидов, сардори раёсати мазкур гуфт, ки бештари ҳолатҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Кӯшониён ва Ёвон рух додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии ғарқшудагон ҷасади як нафар то ҳол пайдо нашудааст.

«Хушбахтона, ҳолатҳои ғарқшавӣ дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳамин давраи соли 2025-ум 30 нафар ғарқ шуда, ҷони худро аз даст дода буданд», — афзуд Саидаҳмад Саидов.

Наҷибулло Аҳтамзода, командири дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон гуфт, нафаре, ки то ҳол пайдо нашудааст, як сарбози қаторӣ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, сарбоз 24 июни соли равон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён ҳангоми обнӯшӣ дар дарё ғарқ шудааст.

«Аз ҳамон рӯз корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. Бо сабаби баланд будани сатҳи оби дарё ва тез будани ҷараёни он, корҳои ҷустуҷӯӣ то ҳол натиҷа надодаанд», — гуфт Наҷибулло Аҳтамзода.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, теъдоди ҳолатҳои ғарқшавӣ дар Хатлон нисбат ба шаш моҳи соли 2025 беш аз ду баробар коҳиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *